Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти гаштугузор дар Бағдод


Рӯзи ҷумъа, 24 уми феврал ҳукумати Ироқ дар шаҳри Бағдод ва минтақаҳои атрофи он то соати чаҳори баъд аз зӯҳр маҳдудияти гаштугузор эълон кард. Ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз идомаи хушунаткориҳои мазҳабӣ миёни шиаҳо ва сунниҳо мебошад.
Ба думболи бомбгузориҳои рӯзи чаҳоршанбе (22 феврал) дар саҷдагоҳи Ал-Аскарии шиаҳо дар шаҳри Самарраҳ, ҳамлаҳои интиқомҷӯёна ба зидди сунниҳо афзоиш ёфтаанд. Дар натиҷаи хушунаткориҳои мазҳабӣ рӯзи панҷшанбе ҳадди аққал 130 нафар кушта шуданд. Бинои чандин масҷид зарар дид.
XS
SM
MD
LG