Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон


Нахустин нишасти комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин нишаст, ки бо ширкати ҳайъатҳои ду ҷониб доир шуд, барномаҳои иқтисодии ироашуда ба манзури густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни ду кишвар баррасӣ мешавад. Яке аз мавзӯъҳои меҳварии ин нишаст, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон баҳс хоҳад шуд, имкони эҳдоси хати лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигаре мушорикати ду кишвар дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Дашти ҷам аст. Ҳаким Солиев, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, кишвари ӯ омодааст, ки ба Афғонистон нирӯи барқ интиқол намуда ва бар ивази он аз он кишвар гази табиӣ ворид намояд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ҳайъатҳо дар ин замина ба натиҷа бирасанд ва дар поёни ин музокирот дар ин замина созишномае ба имзо бирасад. Муҳаммадҷалили Шамс, муовини вазири энержӣ ва об ва муовини раиси комиссия аз ҷониби Афғонистон дар ин маврид гуфт, ки кишвараш дар мавриди сохтмони нирӯгохи барқи обӣ дар рӯдхонаи Панҷ дар минтақаи Дашти ҷам низ мувофиқ аст. Ва имкон дорад, қисмате аз маблағҳои ваъдашуда дар конфронси Лондон ба ин мақсад масраф шавад, аммо бояд навҳаи мушорикат дар ин пружа мушххас шавад. Дар ин ҷаласа, ки ду рӯз идома хоҳад кард, ҳамчунин, масъалаи густариш бахшидани тиҷорати назди марзӣ, суръат бахшидан ба ҷараёни эҳдоси пулҳо бар фарози рӯдхонаи Омӯ миёни ду кишвар ва ҳамгунсозии мавозеъи ду тараф чиҳати иштирок дар пружаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ низ баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG