Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷанги масҷидӣ"-и Ироқ то куҷо хоҳад расид?


РО:
Оё рӯзҳои оянда низ мавҷи хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ давом хоҳад кард?

Дейвид Ҳартвил:
"Ин суоли хубест. Ҳоло ҳама чиз ба вобаста ба он мешавад, ки ҳукумати марказии Ироқ то куҷо метавонад минтақаҳои шиаҳоро зери назорат бигирад. Ҳоло шиаҳо дар ҳолати хашму ғазаб ҳастанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо бештар ба ҷангсолороне чун Муқтадо Ас-Садр итминон доранд, на ба нерӯҳои амниятии ҳукумат. Ҳоло масъалаи муҳим ин аст, ки оё аҳолӣ дубора ба нерӯҳои амниятӣ эътимод пайдо мекунад; оё нируҳои байналмилалӣ дар поин бурдани хашму ғазаби мардум кӯмаке карда метавонанд; Мутаассифона, ҳоло ҷавоби ин суолҳо манфӣ аст. Гузашта аз он ҳар лаҳза хатари бархӯрди гурӯҳҳои тундрави суннимазҳаб бо тундравони шиамазҳаб вуҷуд дорад ва ин нукта вазъиятро бештар хатарнок кардааст."
РО:
Баъзе коршиносон мегӯянд, ки хушунатҳои мазҳабӣ Ироқро ба сӯи ҷанги шаҳрвандӣ мебарад. Оё мо имрӯз метавонем дар нисбати Ироқ ибораи "ҷанги шаҳрвандӣ"-ро истифода барем?

Дейвид Ҳартвил:
"Не, ҳамин ҳоло мо наметавонем ибораи "ҷанги шаҳрвандӣ"-ро ба кор барем. Ҳамла ба масҷиди Ал-Аскарӣ зоҳиран кори шабакаи Ал-Қоида буд. Онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки дар Ироқ меҷанганд ва аксари ироқиҳо аз онҳо истиқбол намекунанд. Ҷанги шаҳрвандӣ вақте мешавад, ки агар ироқиҳо бар зидди ироқиҳо ҷанг кунанд. Мо ҳамчунин ҳоло наметавонем бигӯем, ки имрӯз дар Ироқ як нерӯи оппозитсионии қонунӣ --масалан, нерӯҳои вафодор ба режими собиқ - бар зидди ишғолгарони хориҷӣ ва ҳукумати марказӣ меҷангад.
Ҳамлагарони кунунӣ дар Ироқ асосан тундравони хориҷӣ ҳастанд. Хатари ҷанги шаҳрвандӣ дар Ироқ замоне ба амал меояд, ки як оппозисиони қонунӣ бар зидди нерӯҳои ҳукумат як ҷанги густарда шурӯъ мекунад. Вале ҳоло чунин нишонаҳо вуҷуд надорад. Хатари имрӯза дар Ироқ он аст, ки тундравони Ал-Қоида аз заъфи ҳукумати марказӣ барои ангехтани хушунати мазҳабӣ истифода мекунанд. Ҳамла ба Масҷиди Ал-Аскарӣ намунаи он аст. Яъне феълан, ин ҷо бештар хатари бесуботиҳои сиёсӣ вуҷуд дорад, на кӯшиши сарнагун кардани ҳукумат бо роҳи ҷанги шаҳрвандӣ."

РО:
Чанд сол қабл дар Афғонистон низ вуруди нерӯҳои хориҷӣ боиси зуҳури гурӯҳҳои мусаллаҳ шуд ва тадриҷан кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ оғушта гардид. Оё вазъи онвақтаи Афғонистон ва шароити имрӯзаи Ироқ ба ҳам шабоҳат дорад?

Дейвид Ҳартвил:
"Ба назари ман, вазъият дар ин ҷо каме фарқ дорад. Нерӯҳои марказгаро дар Ироқ қавитар мебошанд. Дар Афғонистон нерӯҳои шӯравӣ аз ҳизби коммунистӣ ҷонибдорӣ мекарданд. Вале дар Ироқ интихоботи парламентӣ ба қадри кофӣ озод ва одилона барпо шуд. Ҳатто аксари сунниҳо низ натиҷаҳои интихоботро эътироф карданд. Албатта, он нукта, ки баъди ду моҳи интихобот то ҳол Ироқ натавонистааст, як ҳукумати бокифоят таъсис диҳад, ба беҳбуди вазъ мусоидат намекунад. Ҳоло гуфта мешавад, ки Ироқ дар паи таъсиси як ҳукумати миллӣ аст. Ҳар қадар, ки зудтар чунин мушкилоти ҳукумат паси сар шавад, ҳамон қадар вазъи амниятии Ироқ беҳтар хоҳад шуд. Дар Афғонистон ҷангсолорони қабилавии омодаи ҷанг бо ҳамдигар хеле зиёд буданд. Дар Ироқ ҳоло- агарчи ҳузури тундравон вазъиятро хеле ва хеле душвор кардааст-боз ҳам шумори кофии одамон мехоҳанд ба ҳукумат эътимод дошта бошанд. "
XS
SM
MD
LG