Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми Осиё бидуни ширкати футболбозони тоҷик


Нахустин даври мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2007 бо ширкати 24 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои қорра баргузор шуд.
Дар гурӯҳи «А» Ҷопон дар майдони худ бар Ҳиндустон бо натиҷаи 6 бар 0 ва Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ бар Яман бо натиҷаи 4 бар 0 ғалаба карданд.
Дар гурӯҳи «В» Куриёи Ҷанубӣ дар сафар бар Сурия бо натиҷаи 2 бар 1 ва Эрон дар майдони худ бар Тайван бо натиҷаи 4 бар 0 пирӯзӣ ба даст оварданд.
Дар гурӯҳи «С» Покистон дар сафар Урдунро бо натиҷаи 3 бар 0 ва Аморати Муттаҳидаи Араб Уммонро бо натиҷаи 1 бар 0 мағлуб сохтанд.
Дар гурӯҳи «D» Баҳрайн дар майдони худ аз Австралия бо натиҷаи 1 бар 3 шикаст хӯрда, бозии Лубнон ва Кувайт бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт
Дар гурӯҳи «F» Узбекистон бар тими меҳмон – Бангладеш бо натиҷаи 5 бар 0 ва Қатар бар тими мизбон – Ҳонконг бо натиҷаи 3 бар 0 ғолиб омаданд.
Дар гурӯҳи «E» дастаҳои мизбон Чин бар Фаластин ва Сингапур бар Ироқ бо натиҷаи мушобеҳ -- 2 бар 0 пирӯз шуданд.
Шариф Назаров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз ширкат накардани дастаи мунтахаби кишвар дар бозиҳои интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2007 ба ин далел, ки дархости Федератсияи футболи кишвар ба унвони Конфедератсияи футболи Осиё бо таъхир ворид шудааст, изҳори таассуф карда, гуфт: « Рейтинги тими миллӣ аз натоиҷи ба даст овардааш дар мусобиқоти мухталиф бастагӣ дорад. Бинобар ин ширкат накардани дастаи мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё рейтинги моро на танҳо баланд намесозад, балки паст мекунад.»
Зимнан, Шариф Назаров, мураббии варзидаи тоҷик рӯзи 23 феврал 60-сола шуд. Вай аз беҳтарин мураббиёни футболи тоҷик буда, ба хусус хизмати ӯ дар комёбиҳои назарраси дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе беназир мебошад. Таҳти раҳбарии Шариф Назаров «Помир» соли 1988 ба лигаи олии футболи шӯравӣ роҳхат гирифта, миёни зӯртарин тимҳои футболи Иттиҳоди Шӯравӣ муваффақона бозӣ кардааст. Шариф Назаров орзу дорад, ки футболи тоҷик, ақаллан, ба дараҷаи солҳои 80-уми асри гузашта бирасад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG