Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бинои бозори шаҳри Маскав фурӯ рехт


Бар асари фурӯрезии боми бозори Басманнии шаҳри Маскав камаш 47 нафар ба ҳалокат расида, ҳадди ақалл 29 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мардуми зиёде дар зери харобаҳои бино мондааст.
Мири шаҳри Маскав Юрий Лужков мегӯяд, ки бинои бозори Басманний 30 сол пеш мавриди истифода қарор гирифта буд. Ӯ ҷой доштани ҳамлаи террористиро аз эҳтимол дур донист.
Бинои бозор соати 5:45 субҳ фурӯ рехт.
Имрӯз дар Русия рӯзи Иди муҳофизони Ватан таҷлил мегардад, мансабдорон мегӯянд, агар ҳодиса дар давоми рӯз ба вуқӯъ мепайваст, шумори қурбониҳо ба маротиб бештар мешуд.
Онҳо меафзоянд, аксари қурбониҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мебошанд.Бархе аз онҳо дар таҳхонаи бозор иқомат доштаанд.
Муҳаммади Эгамзод сухангӯи сафорати Точикистон дар Маскав мегӯяд, кормандони сафорат бо як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар бозори мазкур фурӯшанда аст, ҳамсӯҳбат шуданд.
Нурулло Миралиев, сокини деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара ҳамроҳ бо панҷ ҳамдеҳагонаш дар бозори Басманний меваи хушк ва шириниҳои шарқӣ мефурӯшад. Бино ба гуфти Нурулло онҳо ҳамагӣ сиҳату саломатанд.
XS
SM
MD
LG