Пайвандҳои дастрасӣ

Журналист ваколат дорад ё на?


Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 13 санад, ба шумули Қонуни матбуот ва Қонуни телевизион ва радио фаъолияти журналистонро ба танзим медарорад. Низомномаи нав дар бораи аккредитатсия, яъне - ваколатдор намудани журналистон, ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, сарвари НАНСМИТ як зерсанади ҳуқуқӣ буда, муносибати касбии байни хабарнигорон ва мақомоти мухталифро назар ба қонунҳои дигар дар сатҳи болотар ва комилтар муайян мекунад. Аз ӯ пурсидам, дар шароити кунунӣ қабули Низомномаи ваколатдоркунӣ чи зарурат дорад? Ӯ гуфт: «Мақсади асосии мо дар арафаи ҳодисаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Тоҷикистон ва умуман дар даврае, ки Тоҷикистон ба сӯи истиқлол гом мебардорад, ин аст, ки муносибати байни журналистон ва мақомоти давлатӣ дар асоси як низомнома муайян карда шавад. Зеро имрӯз қоидаи бозӣ, агар ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад, на барои рӯзноманигорон ва на мақомоти давлатӣ дар асоси қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон аниқ ва рӯшан нест ва журналистони тоҷик барои дарёфти иттлоъ аз мақомот ба монеаҳои гуногун рӯ ба рӯ шуда, душворӣ мекашанд. 13 қонуне, ки фаъолияти журналистони тоҷикро ба танзим медарорад, моҳияти аккредитатсия, яъне ваколатдор намудани хабарнигоронро ошкор ва рӯшан нишон надодааст».
Аммо Лоиҳаи низомномаи нав аз ҷониби намояндагони мақомоти Суғд ва хабарнигорон бо назар ва ақидаҳои мухталиф истиқбол гирифта шуд. Бархе аз намояндагони мақомот ва журналистони Суғд мегӯянд, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон 13 қонун барои фаъолияти журналистон вуҷуд дорад, ҳоҷат ба қабули санади нав нест. Санади наве, ки ба мақомот ҳуқуқ медиҳад, журналисти маҳаллиро бо далели надоштани ваколатнома аз дари идораи худ биронад ва ё қабул бикунад. Иддаи дигар бар ин назаранд, ки дар шароити феълӣ ҷои чунин як низомнома дар қонунгузории Тоҷикистон холист. Назрулло Дадобоев, сарвари маркази иттилоъотиву таҳлилии ҳукумати Суғд қабул ва ё радди Низомномаи навро ба тасммими худи журналистон вобаста медонад : «Масъалаи аккредитатсия, яъне додани ваколатнома ба хабарнигорон аз ҷониби мо 3-4 сол қабл пешниҳод шуда буд. Ба хотири танзими кори байни журналистон ва мақомоти гуногун. Зеро дар он вақт воқеан журналистон барои дарёфти иттилоъ аз мақомот душворӣ мекашиданд. Аммо дар муддати чанд сол бо кӯмаки ташкилотҳои хориҷӣ, гузаронидани машварату семинарҳо ин мушкили журналистон то андозае кам шудааст. Таъсиси марказҳои иттилоъотӣ дар бисёр мақомот, ҳадди ақал таъин намудани корманди котиби матбуотӣ дар ҳама сохторҳо ба ин мусоидат кардааст. Аз ин рӯ, ба назари ман, чунин ҳолат имрӯз ба хабарнигорон додани ваколатнома аз ҷониби мақомоту корхонаҳоро аз байн бурдааст. Албатта, агар додани ваколатнома ба беҳбуди кори журналистон мусоидат намояд, ман албатта, ин иқдомро дастгирӣ мекунам.»
Абдулмаҷиди Бобоҷониён - сардабири ҳафтавори мустақили «Суғд» дар Хуҷанд бар он аст, ки доштани ваколатномаи мақомот барои фаьолияти касбии журналист имтиёз ва шароити бештаре бештаре фароҳам месозад: «Аслан шаҳодатномаи журналист барои ӯ як ҳуҷҷати расмӣ ҳисоб меёбад, вале ваколатнома барои дар мавқеи баробар гузоштани хабарнигорон дар назди мақомот чизи муҳим аст. Масалан, мақомот метавонад хабарнигори як нашрияи соҳавиро ба як маҷлиси расмӣ, ки мазӯъаш дигар бошад, роҳ надиҳанд. Дар ин маврид ваколатнома метавонад дарҳои мақомотро бар рӯи хабарнигор боз кунад.»
Ҷӯра Юсуфӣ - муовини сардабири нашрияи мустақили «Вароруд» дар ин бора мегӯяд, ки низомномаи ваколатдиҳӣ нуктаҳои заъф дорад ва қабули он аз ҷониби мақомот дар пешорӯи хабарнигорон монеъаҳои нав эҷод мекунад: «Чун мо як Қонуни матбуоти аз соли 1990 бозмонда дорем, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои журналистони тоҷикро дар доираи фаҳмиши ҳамон солҳо муаян кардааст, ин низомномаи нав, ки ҳуқуқи моро аз он Қонун ҳам зиёдтар маҳдуд мекунад, аслан зарурат надорад. Зарурат надорад, ки ҳар рӯз як қонуни нав эҷод ва ҳуқуқи худро маҳдудтар кунем. Аслан аз рӯи қонуни матбуот бо нишон додани шаҳодатномаи рӯзноманигорӣ ҳама дарҳои мҳқомот бар рӯи мо боз бошад, аммо ин лоиҳаи низомнома боз доштани ҳуҷҷати дигареро ба рӯзноманигор дар назар мегирад, ки бе он он ҳуҷҷати аввала эътибор надорад.»
Лоиҳаи низомнома дар бораи аккредитатсиа, ки аз сӯи НАНСМИТ таҳия шудааст, танҳо пас аз тасдиқ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ҳаққи санади мустақил пайдо мекунад ва ба ҳама гуна мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳуқуқ медиҳад як ё ду хабарнигори расонаҳои маҳаллиро бо додани ваколатномаи худ дар назди идораи худ сабти ном кунанд.
XS
SM
MD
LG