Пайвандҳои дастрасӣ

Бозгашти толибони собиқ ба ҳаёти осоишта


Наздик ба 70 толиби пешин ва бархе аз аъзои Ҳизби исломии Гулбуддини Ҳикматёр бо ҳукумати Афғонистон созиш карда, ба барномаи сулҳи кишвар пайвастанд. Сибқатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси Кумисиюни таҳкими сулҳ ва оштии миллии Афғонистон гуфт, инҳо афроде буданд, ки дар вилоятҳои Нуристон, Кунар, Пактиё ва Нангарҳор бо хукумат дар мухолифат қарор доштанд.
Муҷаддадӣ гуфт, теъдоди нафароне, ки аз ҷумлаи мухолифини ҳукумат, бахусус Толибон ва Ҳизби исломии Ҳикматёр ба барномаи сулҳи кишвар пайвастанд, аз 1000 нафар беш шудааст. Раиси Кумисиюни таҳкими сулҳ ва оштии миллии Афғонистон гуфт, дафтараш бо чандин гурӯх ва танзими мухолифи ҳукумати Афғонистон дар ҳоли музокирот аст, то онҳоро низ бо ҳукумат созиш диҳад.
Фарҳоди Милод, Кобул
XS
SM
MD
LG