Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Русия


Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи ҳалокати як шаҳрванди 27- солаи Тоҷикистон дар ноҳияи Домодедовои вилояти Маскав хабар дод. Ин манбаъ мегӯяд, бино ба тафтишоти пешакӣ дар пайи чанд зарби корди шахси номаълум Бахтиёр Шамсов, зодаи шаҳри Кӯлоб дар бемористон ҷони худро аз даст додааст. Ба гуфтаи намояндаи расмии сафорат Муҳаммади Эгамзод қотил ҳанӯз боздошт нашудааст. Дар робита ба куштор додситонии ноҳияи Домодедово парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Бино ба гузоришоти интишоршуда тайи моҳи ахир танҳо дар Маскав ва вилояти он 3 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд. 16 нафари дигар бо шумули ду зан ва як писарбачаи 12-сола дар аввали феврал дар шабонарузи сармоҳои шадид, дар се сӯхтори мармузи пайиҳам ҳалок шудаанд.
Мақомоти бозрасии шаҳру вилояти Маскав ин рӯйдодҳоро таҳқиқ мекунанд, аммо то ҳанӯз чизе нагуфтаанд.
Ҳамзамон рузномаи «Газета», чопи Маскав, бо эътироз аз беэътиноии ҷомеа ба вазъи зист ва ҳалокати оммавии муҳоҷирони тоҷик, хабар додааст, ки тайии зиминстони феълӣ аз Маскав ва вилояти Маскав ба Тоҷикистон 38 тобут фиристода шудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG