Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобат магар душманист?


Ҳафтае пеш Бунгоҳи хабарии Вароруди Тоҷикистон сомонаи нави интернетии худро нашр кард, ки аз саҳифаи қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар гуфтугӯи телефонӣ бо бунёдгузор ва мудири масъули ин бунгоҳ, дӯстам Илҳоми Ҷамолиён, тозакорӣ ва навгониро ба ӯ ва ҳамкоронаш табрик гуфтам ва пурсидам, оё шиори ин саҳифа, ки "Вароруд аввалин будан мехоҳад" аст, як даъват ба рақобат нест? Гуфт, "ин шиорест, ки кормандони Вароруд баргузиданд ва на танҳо шиор, балки ҳадаф ва шеваи кори ҳаррӯзаи онҳост. Табъан, мо мехоҳем, дар соҳаи худ ва дар минтақаи хеш яке аз аввалинҳо бошем."
Пурсидам: "Аммо рақобатҷӯӣ ва куллан "рақобат" барои Шумо ва дигарон дар Тоҷикистон чӣ маънӣ дорад, мададрасон аст ё вайронгар?"
Илҳоми Ҷамолиён: "Барои ман рақобат як ангезаи мусбат ва омили ҳама гуна пешрафт аст. Аммо ҳангоме ки бо дигарон дар ин бора гап мезанем, маълум мешавад, онҳо рақобатро ба маънои хусумат қабул мекунанд ва онро як падидаи манфӣ мешуморанд. Вале барои ман рақобат мусбат аст, ба шарти он ки покбозона ва созандаву офаранда бошад."
Савол: "Саҳифаи нави интернетии Шумо мисли ин аст, ки соат ба соат, дақиқа ба дақиқа хабару рӯйдодҳоро пайгирӣ мекунад. Дар Тоҷикистон оё боз ин гуна саҳифаҳо вуҷуд доранд?"
Илҳоми Ҷамолиён: "Дар Тоҷикистон аввалин шуда оҷонсии Авасто ба ин тарзи кор гузашт ва дертар Азия Плюс низ ин шеваро қабул кард ва имрӯз мо сеюмин шабакае ҳастем, ки дар режими онлайн, соат ба соат ва дақиқа ба дақиқа бо гузашти воқеъии вақт кор мекунем."
Савол: "Пас Шумо, ба назар мерасад, дар ин саҳна рақибони муайяне доред? Аз онҳо чӣ меомӯзед ва чӣ тур меомӯзед?"
Илҳоми Ҷамолиён: "Агар мо ба ин саҳна назар андозем, мебинем, ки бисёр корҳои ин се оҷонсӣ бо ҳам умумиятҳое доранд. Вале фарқиятҳо низ. То замоне ки ман саҳифаи навро омода мекардам, сохтор ва шеваи кори ин бунгоҳҳоро омӯхтам ва бархе аз дастоварди онҳоро, ба андаке дигаргунӣ дар саҳифаи нав ҷорӣ кардам. Дигар ин ки мо ҳар се бунгоҳи хабарӣ ва таҳлилӣ ҳастем ва ҳар кадом мехоҳад хабареро аввалин шуда нашр кунад, дақиқу дуруст иттилоъ диҳад ва ҳадафи куллӣ, албатта, шикаст додани ҳамдигар нест, балки пурра кардани манзараи умумии иттилоотист. Ман рақобатро дар ҳамин ҷанбаъҳо мебинам."

Барои шунидани ин гуфтугӯ ва баҳсҳои дигар дар бораи фарҳанги рақобат рӯи рамзи радио дар охири сарлавҳа "клик" кунед.
XS
SM
MD
LG