Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти Младич таъйид нашуд


Давлати Сербистон гузоришҳои матбуъотиро дар бораи боздошти генерал Ратко Младич-ҷинояткори ҷангӣ рад кардааст. Намояндаи Войислав Коштуница-нахуствазири Сербистон гуфтааст, хабари боздошти Младич дуруст нест. Хабаргузории Ассошиейтед Прес ба нақл аз як мақоми аршади ҳукумати Сербистон навиштааст, Младич муҳосира шудааст ва дар бораи таслими вай музокира идома дорад. Баъзе хабаргузориҳои дигар дар Босния ва Сербистон мегуянд, Младич дар Беград боздошт шудааст ва ба Босния интиқол дода мешавад. Младич фармондеҳи собиқи артиши босниҳои Сербистон баъд аз Родован Карадич -фармондеҳи дигари даврони ҷанги Бонснияву Сербистон дуввумин ҷинояткори ҷангӣ шинохта шудааст. Младич барои куштори 8 ҳазор мард ва кудаки мусулмон дар қатли оми Сребренница муттаҳам дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG