Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтарин суруди солро аз "Навойи дил" бишнавед


Дар соли чаҳоруми фаъолияти фестивали таронаҳои муосири "Суруди сол" исми радиои "Азия Плюс" аз номи муаллифон ва ташаббускорони он бардошта шуда, ҷойи онро Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гирифт. Барои баргузории ин озмун ба вазорат Кумитаи давлатии телевизион ва радиои кишвар ҳам ҳам мусоидат мекунад.
Дар посух ба ин, радиои "Азия плюс" гуфт, ки аз лоиҳайи худ даст намекашад ва танҳо бо тағйири ном, яъне бо исми "Навои дил" онро тибқи маъмул дар моҳи май барпо хоҳад кард.

Баъди чунин тағйирот дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садоҳое баланд шуданд, ки онҳоро мешавад бо пурсиши "чаро?" ифода кард: "Чаро вазорат ба моли як муассисаи ғайридавлатӣ даст дароз кард?", "Магар имкони роҳандозии лоиҳаи нави ҳамсон вуҷуд надошт?" ва ғайраву ҳоказо. Ҳоло дар Маҷаллаи мусиқии "Садои тоза" мекӯшем ба ин масъала аз назари ду масъули аслии ин барномаҳо рӯшанӣ андозем. Нахуст, Баҳриддин Раҷабов, раҳбари бадеии лоиҳайи "Суруди сол"-и акнун моли Вазорати фарҳанг:

"Фестивали "Суруди сол"-ро Вазорати фарҳанг солҳои навадум мегузаронд ва ба фикри ман, ин чорабинӣ бисёр хуб мегузашт. Акнун Вазорати фарҳанг бо маблағи худ ин фестивалро мегузаронад, чунки ин функцияи Вазорати фарҳанг аст. Мо, баръакс, хурсанд ҳастем, ки "Азия Плюс" ё дигар корхонаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронанд, муҳим ин аст, ки тамошобин хурсанд бошад. Муҳим нест, ки ин гуна чорабиниҳоро кӣ барпо мекунад, муҳим ин аст, ки тамошобинон розӣ бошанд".

Умед Бобохонов, раиси ширкати "Азия Плюс" дар навбати худ чунин вокуниш нишод дод:

"Ман фикр мекунам, агар ин гуна чорабиниҳо зиёд шаванд, ҳам барои эстрадаи тоҷик ва ҳам барои мусиқии муосири тоҷик хуб мешавад. Фикри хуб аст, ки Вазорати фарҳанг дар сатҳи баланди давлатӣ як озмуни ҳунарии худро барпо мекунад. Танҳо чизе, ки моро каме нороҳат кард, ин гирифтани исми озмуни мо буд. Вазорати фарҳанг гуфт, ки дар солҳои 90-ум бо ин ном озмуни худро гузаронида будааст, ва ҳақ дорад, ки ин исмро баргардонад. Ва мо ҳам гуфтем, "хуб, мо дигар эрод надорем, ба шумо муваффақият мехоҳем ва исми фестивали худро дигар мекунем"

Фестивали "Суруди сол"-ро аксар сокинони Тоҷикистон бо чанд далел писандида буданд. Бархе мегӯянд, ки ин камтарин чорабинии миллие буд, ки бо завқи баланди ҳунариву эстетикӣ, бо ҷалби маблағи зиёд ва дар пояи наздик ба озмунҳои байналмилалӣ баргузор мешуд. Аз лиҳози кайфияти садоиву омодагии фаннӣ низ ин озмун ҳамеша кӯшидааст садову оҳанги хуб танзимшударо ба намоиш гузорад. Ва феълан саволе, ки матраҳ аст, ин аст, ки то куҷо масъулини нави фестивал метавонанд ҳамин кайфияту назокати ҳунарии чорабинии миллиро ҳифз кунанд.

Баҳриддин Раҷабов, раҳбари бадеии лоиҳайи "Суруди сол" гуфт: "Мо кӯшиш мекунем, ки ба боварии мардумамон сазовор шавем. Ман ваъда медиҳам, мардум ба он ҳунармандоне, ки дар озмуни мо иштирок мекунанд, хеста кафкӯбӣ мекунанд".
Дар айни замон, оқои Раҷабов мегӯяд, ки аз назари ҷалби сармояву пуштибонии молии ин фестивал бо сабаби камии вақт эҳтимол дорад, ки баъзе нақшаҳо иҷро нашаванд. Ӯ гуфт, ки вазорат дар фикри даъвати шоу-балети маъруфе аз Маскав будааст, аммо бо сабаби камии маблағ чунин имконият даст нахоҳад дод. Дар айни замон, тибқи иттилои ӯ, як бахши хароҷоти озмуни "Суруди сол"-и Вазорати фарҳангро ширкати Алюминии Русия (РусАл) ба дӯш гирифтааст, ки қаблан бо ширкати "Азия плюс" ҳамкорӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол, мавзӯи ҷалби маблағ барои баргузории шоистаи фестивал масъалаест, ки лоиҳайи "Навои дил"-ро низ дар ташвиш мондааст. Умед Бобохонов низ ба кӯмак ва пуштибонии сармоягузорон ва сарпарастони ватаниву хориҷӣ умед мебандад. Дар ҳамин ҳол, Умед Бобохонов гуфт, ки ин навъ фестивалҳоро мешавад бо қиматҳои мухталиф баргузор кард, ва шукӯҳу шаҳомати маърака ҳам ба таври мустақим аз маблағи масрафшуда бастагӣ дорад.

Тавре аз сӯҳбатҳои масъулини лоиҳаҳои "Суруди сол" ва "Навои дил" бармеояд, шевайи баргузории озмуни таронаҳои сол тақрибан ба ҳам наздик ҳастанд. Аз моҳҳо пеш сокинони кишвар ҳақ доранд бо ирсоли паёмҳои электрониву телефонии худ, ва дар мисоли "Навои дил" - бо истифода аз саҳифаи интернетии ин пружа - завқи мусиқии худро муайян кунанд ва исми овозхони дӯстдоштаи худро ба унвонии ташаббускорони озмун фиристанд. Баъдан бар асоси раъйдиҳӣ исми ғолибони фестивал муайян ва даъвати онҳо ба консерт таъмин мешавад. Баҳриддин Раҷабов мегӯяд, аз ҳоло исми чанд ҳунарманди пурҳаводори саҳнайи эстрадаи тоҷик мушаххас шудааст: Садриддини Нажмиддин, Манижа Давлатов, Зикри Оллоҳ, Шабнами Сурайё.

Ва аммо саволи дигаре, ки ба миён меояд ин аст, ки магар ин ду лоиҳа комилан шабеҳи ҳам нестанд ва ё чӣ ҷиҳати фарқкунандае миёни онҳо мавҷуд аст. Баҳриддин Раҷабов мегӯяд: "Фарқияташ дар ин аст, ки мо озмуни сурудҳои солро мегузаронем, яъне беҳтарин таронаҳои соли гузаштаро интихоб мекунем. Аммо "Азия Плюс" озмуни беҳтарин сурудҳои нимсолаи охирро барпо мекунад".

"Азия Плюс" мегӯяд: "Фестивали "Навои дил" мисли давраҳои пешини фестивали таронаҳои сол 15 суруди беҳтаринро бар асоси пурсиши саросарӣ интихоб намуда, онро дар як рӯз муаррифӣ мекунад. Мо шарту шароити баргузории озмуни қаблиро дар ин фестивал ҳифз мекунем".

Ба ин тартиб, ҳаводорони созу суруди муосир дар Тоҷикистон акнун имкон хоҳанд дошт, ки соле ду бор ҳунарнамойии овозхонони таронаҳои поп ва эстрадаро бишнаванду қазоват кунанд. Танҳо бархе дар Тоҷикистон мегӯянд, ки чунин мисолҳо дар оянда метавонанд дигар ширкатҳои хусусиву ғайридавлатиро аз роҳандозии барномаҳои бонуфузи эҷодӣ боздоранд, то ки он фардо моли дигарон нашавад.
XS
SM
MD
LG