Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Дилафрӯз Зоирова, сухангӯи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои лоиҳаи ҷадид оид ба тандурустии ҷамоавӣ 10 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Ҳамзамон барои иҷрои ин тарҳ Оҷонсии рушди байналмилалии Шветсия 6 миллион доллар ва ҳамин гуна Оҷонсии Швейсария оид ба рушд беш аз 2 миллион доллари дигар кӯмак кардаанд. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи мазкур аз моҳи апрели соли ҷорӣ шурӯъ шуда, то моҳи марти соли 2010 идома пайдо мекунад. Як корманди ин вазорат дар сӯҳбат бо радиои озодӣ гуфт,
"Ҳадафи аслии лоиҳа беҳбудёбии вазъи сиҳҳати занону кӯдакон ва табақаҳои нодор дар 41 ноҳияи вилоятҳои Суғд ва Хатлони Тоҷикистон, инчунин то 30 % коҳиш додани сатҳи маргу мири тифлони навзод ва кӯдакони то 5-сола мебошад. Ҳамзамон дар назар аст, ки муассисаҳои тиббӣ дар ин навоҳӣ бо фанноварии муосири тиббӣ, нақлиёт ва воситаҳои мухобирот таъмин карда шаванд. Ҳамзамон барои 700 пизишк аз ин навоҳӣ давраҳои омӯзишӣ доир мегардад. Инчунин қарор аст, ки 4,5 миллион сокини Тоҷикистон мавриди санҷиши тиббӣ қарор гиранд. Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин ислоҳоти идории мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст".
Дилафрӯз Зоирова, сухангӯи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе пиромуни созишномаи дуюми тасвибшуда - Лоиҳаи кӯмаки билоаваз барои таъсисот ва зербиноҳои шаҳрдорӣ гуфт, барои иҷрои ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ 15 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст ва ин маблағ барои беҳбуд бахшидан ба вазъи хадамоти шаҳрӣ ва коҳиш додани мизони нодорӣ дар ҳашт минтақаи Тоҷикистон равона мешавад.
Бонки Ҷаҳонӣ шурӯъ аз соли 1993 ба Тоҷикистон кӯмакҳои молӣ мекунад ва то имрӯз ҳаҷми ин кӯмакҳо ба 390 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Дар ҳоли ҳозир 11 лоиҳаи сармоявӣ бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад, ки барои иҷрои ин барномаҳо 148 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.
XS
SM
MD
LG