Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон даҳайи забони модарӣ таҷлил мегардад


UNESCO мегӯяд, аз ҳудудан 6 ҳазор забоне, ки дар ҷаҳон мавҷуд аст, 50 дар садашон бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ ҳастанд. СММ мегӯяд, ки эҳтимол дорад, ду-се насли дигар натавонад бо ин забонҳо сӯҳбат кунад. Барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва тақвияти забонҳои модарӣ зарурати бознигарӣ шудани аксар низомҳои таълимӣ дар мактабҳо ва роҳандозӣ шудани ҷараёни забономӯзӣ тавассути шабакайи ҷаҳонии Интернет пеш меояд.
Дар Тоҷикистон бахшида ба ин сана ҳукумати ин кишвар "Даҳаи забони модарӣ"-ро эълон кардааст. Дар чаҳорчӯби ин ҷашнҳо, ки 10 рӯз идома мекунанд, дар муассисаҳои таълимиву фарҳангии кишвар нишастҳову ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ дойир мешаванд. Рӯзи 21-уми феврал дар Душанбе бо ибтикори Комиссияи миллии ЮНЕСКО, Вазорати фарҳанг ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон як нишасте дар мавзӯи "Забонҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ" баргузор шуд.
Дар Тоҷикистон намояндаҳои гуруҳҳои забонии тоҷикӣ, русӣ, ӯзбакӣ, кореягӣ, туркманӣ, қирғизӣ, гуруҳи забонҳои помирӣ, ва инчунин забонҳои суғдиву яғнобӣ зиндагӣ мекунанд. Забони давлатии Тоҷикистон тоҷикӣ аст. Ба хотири ҳифзу нигаҳдорӣ ва рушди забонҳои модарӣ, UNESCO дар соли 1999 21-уми февралро ҳамчун рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG