Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Файзиннисо Воҳидова


Аммо хонум Воҳидова бо ҳукми додгоҳ аз иттиҳомот аз рӯи банди 253 - "расонидани хисороти молӣ ба афрод бо роҳи фиреб ва суиистифода аз мақоми хидматӣ" ва банди 210–и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз соли 1961 "истифода аз дипломи қалбакӣ" сафед карда шуд.
Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ Файзиннисо Воҳидова гуфт, ки ӯ дар миёнаҳои солҳои ҳаштодум муддате дар риштаи ҳуқуқшиносии бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил кардааст, аммо эътироф намуд, ки таҳсилро ба поён набурдааст. Ӯ гуфт, дипломи сохтаро ба ӯ як устоди Донишгоҳи Маскав ирсол доштааст. Зимни мурофиаи додгоҳӣ Абдувосит Ашӯров, додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси мурофиа гуфт, ки санҷиши додситонӣ қалбакӣ будани дипломи Файзиннисо Воҳидоваро муайян сохтааст.
Хонум Воҳидова чиҳил сол дорад ва аз соли 1996 ба ҳайси ҳуқуқшинос ва вакили дифои мустақил дар Хуҷанд адои вазифа кардааст. Ӯ дар моҳи марти соли 2005 ба ҳайси узви фаъоли ҳизби сотсиал–демократи Тоҷикистон номзадии худро барои иштирок дар интихоботи парламентӣ аз як ҳавзаи Хуҷанд пешбарӣ намуд, вале комиссияи ҳавзавӣ аз сабти номаш сарпечӣ кард. Файзиннисо Воҳидова дар моҳи октябри соли гузашта, ҳангоме ки дар Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд ба ҳайси раҳбар адои вазифа мекард, аз сӯи кормандони додситонии Суғд мавриди боздошт қарор гирифт. Хонум Воҳидова дар ҳоле ки аз ҳукми додгоҳ қаноатманд ба назар мерасид, гуфт, дар ҳоли ҳозир омода нест бо хабарнигорон сӯҳбат кунад.
XS
SM
MD
LG