Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Файзиннисо Воҳидова шартан озод шуд


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 21-уми феврал бо ҳукми худ Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси мустақилро барои истифода аз дипломи қалбакии донишгоҳи Маскав, мутобиқ ба банди 340-и Кодекси ҷинойии Тоҷикистон гунаҳгор донист, ва ӯро шартан ба ду соли зиндон маҳкум кард. Аммо хонум Воҳидова бо ҳукми додгоҳ оид ба иттиҳоми расонидани хисороти молӣ ба афрод бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз мақоми хидматӣ сафед карда шуд. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ӯ гуфт, ки воқеан ҳам ба бахши ғоибонаи факултаи ҳуқуқи донишгоҳи давлатии Маскав дохил шуда, аммо онро хатм накардааст ва баъдан бо роҳи тақаллуб соҳиби дипломи ин донишгоҳ шудааст. Бо ҳукми додгоҳ хонум Воҳидова шартан барои 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда, акнун ин мӯҳлатро ҳақ дорад дар озодӣ сипарӣ кунад. Баъди анҷоми мурофиа, на мақомоти додгоҳӣ ва на худи хонум Воҳидова омода нашуданд ба саволҳои хабарнигорон посух диҳанд. Аммо зоҳиран худи ҳуқуқшинос аз ҳукми додгоҳ қаноатманд будааст.
Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси мустақил моҳи октябри соли 2005 дар манзили худ мавриди боздошт қарор гирифт. Мақомоти интизомӣ хонум Воҳидоваро дар доштани дипломи тақаллубии донишгоҳи Маскав муттаҳам карданд. Шурӯъ аз соли 1996 вай ба унвони ҳуқуқшиноси мустақил ифои вазифа карда, дар соли 2003 Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсонро дар шаҳри Хуҷанд таъсис додааст. Файзиннисо Воҳидова як узви ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон буда, ба таври фаъолона аз ҳукумати марказиву мақомоти маҳаллии вилояти Суғд танқид кардааст.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб
XS
SM
MD
LG