Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфтугӯҳои ҳастайии Маскавро созанда арзёбӣ кард


Алӣ Ҳусайнитош, ноиби раиси Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон ва раҳбари ҳайъати кишвараш дар музокироти ҳастаӣ бо Русия имрӯз дар як гуфтугӯйи телефонӣ бо ТВ Эрон аз Маскав гуфт, музокирот бар сари пешниҳоди гузашткоронаи Русия дар бораи наҳви ғанисозии ураниуми лозим барои фаъолияти нирӯгоҳҳои ҳастаии Эронро мусбату созанда будааст. Оқои Ҳусайнитош гуфт, ду ҷониб бар сари як формулаи мувофиқи ин пешниҳод баҳс кардаанд ва ин музокирот идома хоҳад ёфт. Қаблан Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфта буд, муваффақ ва ё ноком арзёбӣ кардани ин давраи музокироте, ки дар Маскав гузашт, ҳанӯз бармаҳал аст. Ҳайати музокиротии Эрон имрӯз Русияро тарк кард. Русия пешниҳод кардааст, ки Эрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро дар қаламрави ин кишвар ба роҳ монад, то ки шиддати нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ оид ба эҳтимоли ин ки Теҳрон дар андешаи тавлиди аслиҳайи ҳастаӣ мебошад, коҳиш дода шавад. Инчунин имрӯз Чин гуфт, ки умед дорад, Эрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро мутаваққиф месозад ва роҳро ба ҳалли дипломатии қазияи барнмоаи ҳастаии Теҳрон боз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG