Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Малайзия нишонаҳои зукоми мурғӣ ошкор шудаанд


Мақомоти Малайзия таъйид карданд, ки дар ин кишвар низ нишонаҳои вируси марговари зукоми мурғӣ пайдо шудааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, кулли паррандаҳои чаҳор деҳае, ки дар он нишонаҳои вируси H5N1 ба қайд расидаанд, нобуд карда мешаванд. Полиси маҳаллӣ дар навбати худ манзилҳои сокинони ин рустоҳои воқеъ дар қисмати шимолии пойтахт - шаҳри Куала Лумпурро дар ба дар гашта вазъи сиҳҳатии мардумро ташхис мекунад. Дар давоми се ҳафтаи охир беш аз 10 кишвари ҷаҳон таъйид намуданд, ки дар қаламрави онҳо нишонаҳои зукоми мурғӣ ба чашм расидаанд. Дар давоми се соли охир, аз замони пайдо шудани ин вируси маргафкан дар қаламрави Осиё, беш аз 90 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Паррандаву мурғҳои сайёр чун як омили аслии паҳнкунандаи ин маризӣ шинохта шудаанд. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки тамоси саҳли инсон бо мурғи олуда ба ин вирус дафъатан ба маризии одам сабаб мешавад.
XS
SM
MD
LG