Пайвандҳои дастрасӣ

Қадами нахустини шумо


Мавҷудаи 15 - сола панҷ сол инҷониб дар кӯчаҳои пойтахт рӯзи худро бо талбандагӣ мегузаронад ва шабро дар паскӯчаҳо рӯз мекунад. Ӯ мегӯяд, боре ҳам таҳсил накардаву дар нимароҳи ҳаёт сарсону саргардон аст.

«Дар хона хӯрдание надоштем. Модарам бемор буд ва ман барои хӯрондани хоҳаронам маҷбур шудам, ки талбандагӣ кунам. Ва ҳоло фақат металбам, металбам, металбам. Модарам мегӯяд, ба ҳар роҳе, ки метавонӣ ҷой кор пайдо кун, аммо ман намедонам чӣ кор кунам. Дигар зиндагӣ кардан намехоҳам. Мехоҳам худро дар зери мошин партоям. Чунки зиндагии ояндаи худро тасаввур кардан наметавонам.»

Мусоҳиби дигари манн, ки 18 сола аст, ба зиндагии ояндааш умеди бештаре дорад:

«Ман намехоҳам ҳамин тавр оворагардӣ кунам. Мехоҳам зиндагии хубе дошта бошам. Орзу дорам, корманди милиса шавам.»

Барои дастгирии чунин кӯдакон ва наврасони ятиму аз оилаҳои камбизоат, созмони чамъиятии Хонаи ҷавонон бо маблағгузории Комиссюни Аврупо барномаи ҷадидеро мавсум ба“Қадами нахустини мустақили шумо” пиёда месозад. Бар тибқи ин барнома ба муддати шаш моҳ ҳудуди 900 тифли тоҷик имкон доранд, аз дарсҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ, омӯзиши компютер ва забони англисӣ бархӯрдор шаванд. Наргис Ҳомидова, ёвари масъули ин барнома мегӯяд, ҳадафи аслии лоиҳа ба зиндагии мустақил омода кардани кӯдакони аз 14 то 17 сола аст, ки барои дарёфти мавқеъ дар ҷомеа мушкил мекашанд.

«Фикр мекунам, муҳимияти ин барнома дар он аст, ки аксари наврасон пас аз хатми мактаби миёна ва ё худ баъд аз гирифтани маълумоти нопурра ба кадом кор машғул шудан, ба куҷо муроҷиат кардан ва дар ҳимояи ҳуқуқи худ оҷизӣ мекашанд. Ва ҳангоми татбиқи ин лоиҳа онҳо ҳама ин маълумотро ба даст хоҳанд овард ва ин дониш барои эшон дар оянда як раҳнамое хубе хоҳад буд .»

Ба қавли хонум Ҳомидова, дар ҷараёни омӯзиш наврасон метавонанд оид ба меъёрҳои демократия, қонунгузории Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, ҳалли дурусти низоъ ва малакаҳои сарварӣ маълумот бигиранд. Ҳамчунин бо ҳадафи таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҷомеа ба хонандагон нозукиҳои фаъолияти ихтиёрӣ омӯзонида мешавад. Ба гуфтаи Наргис Ҳомидова, барномаи «Қадами нахустини мустақили шумо» дар баъзеи хона - интернатҳо, мактабҳои миёна ва махсус, марокизи хонаи ҷавонони шаҳри Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хуҷанд роҳандозӣ мегардад.

«Барнома барои як сол пешбинӣ шудааст, аммо худи омӯзиш 6 моҳ давом мекунад. Пас аз ин мо ҳаёти баъдинаи хатмкардаҳои барномаро зери назорат мегирем, то бубинем, ки дарсҳои мо то куҷо барои дарёфти роҳи дурусту мустақил ба онҳо кӯмак кардааст. Ва то ҳадде барои рафъи мушкилоти онҳо ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳҳо ва ё пайдо намудани ҷои кор ёрӣ мерасонем.»

Гуфта мешавад, дар ҷараёни раҳандозии барномаи «Қадамҳои нахустини мустақил» чопи роҳнамо барои ҷавонон, дар назар аст, ки барои ҳалли масоили шаҳрвандӣ ва дарёфти роҳи мустақили ҳаёт пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG