Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи иҷрои қонун дар Тоҷикистон дар як нигоҳ


Дар он бар замми тасвири вазъи куллии сиёсӣ дар кишвар муҳимтарин рӯйдодҳое, ки ба ин вазъият таъсир доштаанд, баррасӣ шудаанд. Ҳамоҳангсози равобити иҷтимоии Дафтари ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Галина Деревенченко дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар байни муҳимтарин рӯйдодҳо, метавон интихоботи порлумонии 27-уми февралро ном бурд, ки дар ҷараёни он қонуншиканиҳои зиёде ба амал омад. Ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба ин қонуншиканиҳо эътироз карданд, ҳарчанд он натиҷае надод. Ҳамчунин ҳабси бархе аз сарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ низ ба вазъи қонунмандӣ таъсир доштанд. Монанди ҳабс ва муҳокимаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ҳабси чанд намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ду парвандаи ҷиноӣ бар зидди тарафдорони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон."
Дар гузориши солонаи Дафтари ҳуқуқи инсони Тоҷикистон инчунин вазъи озодии баён ва матбуот ва дастрасии мардум ба маълумот, натиҷаҳои ибтидоии ба ихтиёри вазорати адлия гузаштани маҳбас ва боздоштгоҳҳо, камбуди истиқлолияти додгоҳҳо, густариши ришвату фасод, нобаробарии ҷинсӣ, поймолшавии ҳуқуқи кӯдак ва муҳоҷирону паноҳандагон бо ёдоварӣ аз рӯйдодҳои соли 2005 баррасӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG