Пайвандҳои дастрасӣ

Сангтӯда - 2. Сохтмон шурӯъ шуд


Барот Юсуфӣ аз маҳалли нирӯгоҳи Сангтӯда Рӯзи душанбеи 20 феврал бо баргузории як маросими пуршукӯҳ ва бо ширкати Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Саид Парвизи Фаттоҳ, вазири нирӯи Эрон, Муҳаммад Исмоилхон, вазири энержии Афғонистон, намояндагони мақомоти ин кишварҳо ва сокинони Хатлон бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 дар 100 километрии ҷануби Душанбе, дар рӯдхонаи Вахш шурӯъ шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бунёди нирӯгоҳи мазкур аз сӯи ширкати эронии «Фароб»-ро самараи ҳамкориҳои пурманофеи Тоҷикистону Ирон дар чанд соли ахир унвон кард. Ба гуфтаи оқои Раҳмонов, тибқи созишнома барои бунёди нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда- 2 ҷониби Ирон 180 миллион ва Тоҷикистон 40 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад.

Саид Парвизи Фаттоҳ, вазири нирӯи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, анҷоми тарҳҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон, ки аҳамияти муҳими минтақавӣ дорад, ҷиҳати баҳамоии се миллати ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва рамзи муттаҳидии ин се миллат дар ҷаҳони имрӯз замина хоҳад гузошт:

Муҳаммад Исмоилхон, вазири энержии Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба истифодаи захоири энержии Тоҷикистон гуфт, баҳрабардорӣ аз ин захоир як поягузорӣ ба рушди иқтисоди ду кишвари Тоҷикистону Афғонистон, таъмини ниёзмандиҳои энержии кишварҳои минтақа ва коҳиши қашшоқии мардуми онҳо хоҳад буд.

Нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -2 аз силсилаи нирӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дар рӯдхонаи Вахш буда ва бар тибқи лоиҳа иқтидори тавлидотии он ба 220 мегаватт баробар хоҳад шуд. Пас аз ба истифода додан бояд дар тули 12 солу 6 моҳ қарзҳои сармоягузоришудаи ҷониби Эрон барои бунёди нирӯгоҳи мазкур баргардонида шавад ва пас аз ин муддат нирӯгоҳ комилан моли Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ширкати бунёдкунадаи нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -2 аз ширкатҳои бузурги бунёди ин қабил нирӯгоҳҳо дар минтақа мебошад. Бар асоси иттилоъи вазорати энержии Тоҷикистон ширкати иронии «Фароб» феълан ҷиҳати бунёди 13 нирӯгоҳи барқи обӣ созшнома ба имзо расонида ва 11 ин қабил иншоот ва 36 нирӯгоҳи мухталифи барқро мавриди бунёд қарор додааст.
XS
SM
MD
LG