Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаии Русияву Эрон дар Маскав


Рӯзи душанбе, 20 феврал дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия музокироти Русияву Эрон бар сари наҳви таъмини маводи сӯхти лозим барои таъсисоти ҳастаии Эрон шурӯъ мешавад. Русия ба хотири таскин додани нигарониҳои ҷомиъаи байналмилалӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон пешниҳод кардааст, ки ғанисозии ураниуми лозим барои ниругоҳҳои ҳастаии Эрон дар қаламрави Русия анҷом дода шавад. Русия қаблан изҳор дошт, ки як шарташ барои чунин пешниҳод даст бардоштани Теҳрон аз ҳама гуна фаъолиятҳои марбут ба ғинисозии ураниум аст.

Алии Ҳусайнитош, муовини раиси Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон дар Маскав имрӯз гуфт, ки Эрон барои музокироти Маскав пешшарте нагузоштааст. Оқои Ҳусайнитош ҳамчунин афзуда, ки пешниҳоди Русия рабте бо талаботи байналмилалӣ надорад, ки Эронро барои бозгашт ба ҳоли тавқифи барномаҳои ғанисозиаш даъват мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Эрон ду ҳафта пеш эълом кард, ки бархе фаъолиятҳои резаи марбут ба барномаҳои ғанисозии ураниумашро баъди тақрибан ду соли таваққуф аз сар хоҳад гирифт. Ҷомиъаи байналмилалӣ музокироти Маскавро аммо шонси дигаре барои Эрон медонад, ки парвандаи ҳастаияш алакай ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ) гузориш шудааст. ША СММ метавонад ба маҳзи барномаҳои баҳсбарагези ҳастаияш Эронро таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG