Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Қирғизистон дархости истеъфои О.Текебоевро рад кард


Парлумони Қирғизистон рӯзи душанбе дархости истеъфои раисаш Омурбек Текебоевро радд кард. Танҳо 34 узви парлумон дар раъйгирии имрӯза ба дархости истеъфои Текебоев раъйи мувофиқ додаанд, дар ҳоле ки барои қабул шудани ин дархсот раъйи мувофиқи дасти кам 38 вакил лозим будааст. Омурбек Текебоев, ки тақрибан 2 ҳафта пеш дархости истеъфо карда буд, ба ин тартиб дар мақоми раиси парлумони Қирғизистон барҷой хоҳад монд.

Рӯзи душанбеи гузашта зимни эълони истеъфои худ дар парлумон Омурбек Текебоев гуфт, ӯ ба рафтан аз мақоми худ бартарӣ медиҳад, назар ба ин ки аз раисиҷумҳур барои гуфтаҳояш узр хоҳад. Қаблан як шабакаи мустақили телевизионии Қирғизистон навореро намоиш дод, ки дар он Текебоев президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро "саг" номида, аз ӯ даъват мекард, ки "худро дар аввалин дарахт биовезад."
XS
SM
MD
LG