Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Гулчини ҳунар», ки ҳунарҳои мардумиро эҳё месозад


Хайрулло Тоҳиров- садри бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радои Озодӣ гуфт, озмуни «Гулчини ҳунар» дар чаҳорчӯби ҷашни 2.700 солагии Кӯлоб ва «Соли тамаддуни ориёӣ» баргузор гардида, беҳтарин дастовардҳои санъати шифоҳии мардуми бумиро бо шумули таърихнигорӣ, суруду таронаи ҳуббулватан, рақсу бозии сирф мардона ва чакану гулдӯзиву байтбаракҳои бонувона фаро мегирад:

«Барои мисол, барои рақси мардона аз 3 то 5 дақиқа бо истифода аз антураж, ба монанди рақсҳои чӯпонӣ, даравгарӣ, боҷахона, паҳлавонӣ, шамшербозӣ, аспакбозӣ ва ғайра ба намоиш гузошта мешавад. Ва дар ин ҷо боз як навоварӣ ҳаст. Театрҳои халқӣ ахиран аз байн рафтаанд ва танҳо ширинбозиву ҳаҷвия боқӣ мондааст. Дар асл, мо дар қадим саҳнаҳои таърихӣ, дром, фоҷеа доштем. Ба ёд орем ҳамон достони шифоҳии «Восеъ»-ро, ки то замони мо расидааст. Дар ин озмун ҳамингуна саҳнаҳои таърихии ватанпарастӣ таҳия мегарданд.»

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ - сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар бастагӣ ба мавзӯъ меафзояд, озмуни мазбур 14 муассисоту хоҷагӣ ва беш аз 1.000 ҳунармандро рӯи саҳна овардааст. Аз сӯи дигар, бар тибқи иттилоъи Хайрулло Тоҳиров, дар озмун ҳамзамон аз кӯмакҳои хайрияи мардуми доро, ё метсенатҳои маҳаллӣ низ арҷ мегузоранд ва хайру сахои сарватмандон мавриди таблиғу ташвиқ қарор мегирад.

Озмуни «Гулчини ҳунар» бар тибқи иттилоъи шаҳрдорӣ аз дигар озмунҳои сартосарии фарҳангӣ тафриқаи ҷиддӣ дорад. Дар озмун гурӯҳҳои ҳунарӣ довталабона ва бе кӯмаки молии расмӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Аз сӯи дигар, яке аз шартҳои озмун таблиғи зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва одоби муошарат, рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек дар миёни мардум аст. Ғолибони озмун дар рӯзи таҷлил аз Наврӯзи хуҷастапайк бо тӯҳафи молӣ сарафроз хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG