Пайвандҳои дастрасӣ

Дригин боз 51 - ум


Дар ин навъи рақобатҳо ҳамагӣ 61 варзишгар аз 27 кишвари олам рақобат доштанд. Андрей Дригин нисбати Аамот Кҷетил Андре, лижарони Норвегия, ки бо натиҷаи 1 дақиқаю 30,65 сония мақоми аввалро касб карда, бо медали тиллои олимпӣ сарфароз гашт, 7,20 сония дертар ба марра расид. Майер Ҳерманн аз Австрия бо натиҷаи 1 дақиқаю 30,78 сония муваффақ ба дарёфти медали нуқра гардид. Амброси Ҳоффманн аз Швейтсария бо натиҷаи 1 дақиқаю 30,98 сония соҳиби медали биринҷӣ шуд. Дар ин навъи рақобатҳо низ аз собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ намояндагони чаҳор давлат - Русия, Латвия, Украина ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Варзишгарони Русия - Константин Сатс мақоми 27-ум, Павел Шестаков мақоми 29-ум, Александр Хорошилов мақоми 41-ум ва Антон Коновалов мақоми 45-умро ишғол карданд. Пас аз Андрей Дригин лижарони Латвия Иварс Киагунс дар мақоми 52-юм ва намояндаи Украина Николай Скриабин дар мақоми 53-юм қарор гирифтанд. Ҳамчунин лижарони 29- солаи Тоҷикистон боз даҳ нафарро ба қафо гузошт, ки ҳафт нафарашон ба марра нарасиданд.

ФУТБОЛ. Дастаи «Дачия»-и Кишинёв - барандаи медали биринҷии чемпионати Молдова соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 ҳазор доллар гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи «Копетдоғ»-и Ишқобод баргузор шуд, бар тими мизбон - МТТУ, қаҳрамони Туркманистон бо натиҷаи 4 бар 3 ғалаба кард. МТТУ - дастаи Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия, ки мақоми дувумро гирифт, бо 10 ҳазор доллар сарфароз гашт. Ба дастаи «Ворскла»-и Полтаваи Украина, ки мақоми севумро ба даст овард, 5 ҳазор доллар супурда шуд.
XS
SM
MD
LG