Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози бунёди Сангтӯда - 2


Субҳи рӯзи бистуми феврал, дар маҳалли нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 маросими расмии оғози корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон дар маросими расмии оғози бунёди нерӯгоҳ гуфт, сохтмони нерӯгоҳи мазкур, ки 3 - 3,5 сол идома хоҳад ёфт, садҳо нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард. Вазири нируи Эрон Сайид Парвизи Фаттоҳ гуфт, Эрон дар Тоҷикистон барномаҳоии дигар низ дорад, вале ин бузугтарини онҳост ва таваҷҷӯҳи хоса мехоҳад. Вазири об ва инержии Афғонистон Исмоилхон гуфт, нируи барқе ки Сангтуда тавлид хоҳад кард, ба бозсохти Афғонистон мадад мекунад ва ба Эрону Покистон низ содир мешавад. Сангтӯда-2 бар рӯи рӯдхонаи Вахш дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе бо сармояи Эрон бунёд хоҳад ёфт. Ҷониби Эрон дар ин сохтмон 180 миллион $ сармоягузорӣ мекунад. 40 миллион доллари дигарро ҷониби Тоҷикистон пардохт хоҳад кард. Арзиши умумии сохтмони нерӯгоҳ 220 миллион $ ташкил медиҳад. Баъд аз анҷоми бунёди нерӯгоҳ мувофиқи тавофуқоти имзошуда, тӯли 12 солу шаш моҳ даромади ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад гирифт. Танҳо пас аз анҷоми ин мӯҳлат нерӯгоҳ моли Тоҷикистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG