Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони расонаҳои электронии Душанбе


Воқиан, ҳамагон аз пайдоиши ин қабил гуфтору барномаҳо дар радио ва телевизиони кишвар истиқбол кардаанд, аммо чаро забони ровиён ва таҳиягарони шоуҳои телевизионӣ ва барномаҳои мустақими радиоӣ ҳар гоҳе мавриди танқиди забоншиносон ва муҳаққиқони рӯзноманигорӣ қарор мегирад? Донишманди маъруф Муҳаммадҷон Шакурӣ аз корбурди забони давлатӣ дар расонаҳои гурӯҳии кишвар изҳори ташвиш карда ва мегӯяд, «Бархе аз родиёҳо ва расонаҳои ғайридавлатӣ бар зарари забони миллии мо кор мекунанд». Оқои Шакурӣ дар чанд мусоҳабаи худ бо матбуот изҳор кардааст, ки аз забони расонаҳо комилан розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, муҳаррирони рӯзномаҳо ва радиову телевизион барои бартараф шудани камбудиҳои забон кӯшиш намекунанд ва рӯзафзун ғалатҳои нав дар забони расонаҳо ба мушоҳада мерасад.

Академик Шакурӣ бар ин назар аст, ки родиёҳои ғайридавлатӣ, ки аксар барномаҳояшон ба забони русӣ пахш мешавад, бояд бахши аъзами гуфторҳои худро ба забони давлатӣ ба роҳ монанд. Ӯ ин ақидаи худро дар сӯҳбат бо нашрияи «Миллат» ин гуна шарҳ додааст, ки «Ин радиоҳо бо таъсири забони бузургу тавонои русӣ ва сурудҳои хориҷӣ диққати ҷавонони бетаҷриба ва роҳҷӯйи тоҷикро аз забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ дур бурда истодаанд». Ба ақидаи оқои Шакурӣ, ин тарзи коргузории родиё ва телевизиони кишвар ҳамчун «Кӯшише дар роҳи танг кардани майдони забони давлатии тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ мешавад».

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи родиё ва телевизиони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки забони расонаҳои электрониро мавриди санҷиш қарор диҳад ва танзим кунад. Раиси кумитаи мазкур Асадулло Раҳмонов зимни як нишасти хабарӣ дар ин робита гуфт:

«Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам гуфта шудааст, ки чанд фисади барномаҳо бояд ба кадом забон бошад, ин мушаххас аст. Яку якбора тамоми проблемаҳоро ҳал карда наметавонем, мана ба сардори Бозрасӣ Абулфайзов супориш медиҳем, ки дар ин масъала мутахассис доранд, таҷҳизоти зарурӣ дастрас кардаанд барои сабту пешниҳод, ки мана шумо дар фалон соат ба фалон хато роҳ додаед. Фаъолияти бозрасиро дар ин робита мо як соли ахир ҷоннок кардаем. Онҳо барномаҳоро сабт карда, пешниҳод кунанд, ки дар куҷо, кай кадом ширкати телевизион ва радиои хоҳ давлатӣ бошад ва хоҳ ғайриҳукуматӣ ва хоҳ хориҷӣ чӣ саҳву хато кардаанд ва бояд қонунҳои Тоҷикистонро риоя кунад ва фоизи муайяни барномаҳое, ки низомномааш омадааст, ба забони давлатӣ пахш шавад.»

Ва аммо дар Қонуни Тоҷикистон дар бораи родиё ва телевизион мушаххас гуфта нашудааст, ки чанд дар сади барномаҳои расонаҳои гурӯҳии электронӣ бояд ба забони давлатӣ пахш шаванд. Танҳо дар банди 19-уми ин қонун омадааст, ки «ширкатҳои родиё ва телевизион барномаҳоро ба забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, инчунин ба забонҳои дигар пахш мекунанд».

Сангин Гулов, муҳаққиқи рӯзноманигории тоҷик мегӯяд, гузашта аз талаботи қонун, агар ҳар як рӯзноманигор ва ровии барномаҳо аудиторияи худро эҳтиром кунад, забони давлатиро гиромӣ медорад:

«Дуруст, ки имрӯз забони барандагон ва муҳаррирони барномаҳои воситаҳои электронии ахбор беҳбудиро мехоҳад. Ман гумон мекунам, ин ба сатҳи маърифати худи онҳо вобаста аст ва агар журналист донишу маҳорати хуб дошта бошад, метавонад барномаи хуб омода кунад ва меъёрҳои забони адабиро риоя кунад.»

Сангин Гулов иддао дорад, ки зиёд шудани ток-шоуҳо дар телевизиони тоҷик чандон хуб нест, бахусус ток-шоуҳое, ки муҳаррирон ва ровиён онро идора карда наметавонанд. Ӯ мегӯяд, баъзе аз таҳиягарони ток-шоуҳо ба таври ҷиддӣ бо аудиторияи худ, яъне аҳли толор муносибат намекунанд. Ин аст, ки барномаҳо суст ва каммазмун мешаванд. Баъзан мушоҳада мегардад, ки ток-шоуҳо дар телевизион ва родиёҳои кишвар ба чанд забон пахш мешавад. Яъне барномаҳо аслан ба забони тоҷикиянд, вале қаҳрамонҳо бо забони дилхоҳ дар рафти барнома ҳарф мезананд. Ба ин мисол шуда метавонад ток-шоуҳои телевизиони тозатаъсиси «Сафина» ва баъзе аз родиёҳои ғайридавлатӣ.

Талабшо Муқимов, муаллиф ва ровии ток-шоуи «Паймон» дар телевизиони давлатии «Сафина» сабаби истифода шудани забонҳои ғайридавлатӣ дар барномаашро ингуна шарҳ медиҳад:

«Талаботи журналистика ҳам ҳамин аст, ки журналист бояд иттилоъро ба ҳар роҳе ва ё забоне набошад, дарёфт кунад. Дар барномаҳои телевизиони мо худи ровиён ба забони давлатӣ ҳарф мезананд. Истифода аз забонҳои русию англисӣ ин асосан ташаббуси худи қаҳрамонҳо ва меҳмонони барномаи мост. Дар ин ҷо мо ягон мамониат пеш оварда наметавонем ва пешакӣ ҳам наметавонем муайян кунем, ки кӣ дар ин барнома ба забони ғайридавлатӣ сухан мегӯяд. Баъзе ҳолатҳое мешавад, ки мо мавзӯи барномаи ояндаро эълон мекунем ва қаҳрамонҳои бисёр хуб ҳам пайдо мешаванд, аммо маълум мегардад, ки онҳо ба забони тоҷикӣ ҳарф зананд. Азбаски фикри онҳо барои мо хеле зарур аст, мо маҷбур мешавем, ки хоҳ ба забони англисӣ ва хоҳ русӣ, фикри онҳоро дониста гирем. Аммо азбаски кори мо фаврист, на ҳамеша мо метавонем, андешаи онҳоро тарҷума карда ба эфир диҳем.»

Муҳаррир ва ровии барномаи «Субҳи Ватан»-и родиёи мустақили «Ватан» Субҳон Ҷалилов мегӯяд, мушкили дигар ин аст, ки худи шаҳрвандон ҳангоми сӯҳбатҳои мустақим меъёрҳои забони адабиро риоя намекунанд ва ба шева сухан мегӯянд. Ин ҷолибият ва ҳусни барномаро мекоҳонад:

«Баъзан вомехӯранд онҳое, ки одат кардаанд ба забони ба истилоҳ «хиёбонӣ» ё шеваи дилхоҳ ҳарф зананд ва онҳо радиоэфир ва масъулияте, ки чандин нафар дар ин вақт шунавандаи мост, эҳсос намекунанд. Ман кӯшиш мекунам, ки дарҳол бо ин гуна мусоҳиби худам дар эфир хайрухуш кунам.»

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе се радиои мустақил - «Asia-Plus», «Ватан» ва «Русское радио - Ориёно» ва ду телевизиони давлатӣ фаъолият мекунанд. Агар телевизионҳоро сарфи назар кунем, аз ин миён танҳо родиёи «Ватан» ҳудуди 70 дар сади барномаҳояшро ба забони давлатӣ ба роҳ мемонаду бас.
XS
SM
MD
LG