Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми мурғ дар Аврупо густариш меёбад


Сирояти бемории зукоми мурғ ба кишварҳои ғарби Аврупо низ расидааст.Дирӯз Вазорати беҳдошти Итолё гуфт, як мурғобии мурда дар кӯли Трасимено пайдо шудааст. Анҷоми озмоишҳои беҳдоштӣ собит сохт, ки ин мурғобӣ аз бемории зуком ҷон додааст. Як рузи пеш коршиносон нишонаҳои бемории зукоми мурғро дар Фаронса пайдо карданд. Дар Олмон низ мубориза барои ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ идома дорад. Дар ҷазираи Ругени Олмон 59 мурғ аз ин беморӣ талаф шудааст. Дар Ҳиндустон низ Анбуманӣ Рамадосс-вазири федеролии беҳдошт баъд аз пайдо кардани нахустин нишонаҳои зукоми мурғ дар аёлати Маҳараштра аз мардум даъват кард,ки оромиро риъоят кунанд:

"Барои ҳар гуна сару садо ҳеҷ асос вуҷуд надорад. Вазъ зери назорат аст ва ҳамаи коршиносони зарурӣ дар маҳали пайдоиши ин беморӣ мебошанд. Коршиносони вазорати беҳдошт,табибони бахши паррандапарварӣ ва мақомоти расмӣ тамоми шабонарӯз корҳои заруриро анҷом медиҳанд. Дар ин ҷо мулоқоте анҷом гирифт ва мо доруҳои заруриро дар ихтиёр дорем".


Давлати Ҳиндустон мегуяд, марде, ки дар ғарби аёлати Маҳараштра даргузашт, ба бемории зукоми мурғ гирифтор набуд.
XS
SM
MD
LG