Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-2 оғоз мешавад


Имруз дар маҳали нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 маросими расмии оғози корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ баргузор мешавад.Сангтуда-2 бар руи рудхонаи Вахш дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе бо сармояи Эрон бунёд хоҳад ёфт.Ҷониби Эрон дар ин сохтмон 180 милён доллар сармоягузорӣ мекунад. 40 милён доллари дигарро ҷониби Тоҷикистон пардохт хоҳад кард. Арзиши умумии сохтмони нерӯгоҳ 220 милён долларро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа нерӯгоҳ аз 4 агрегат иборат хоҳад буд. Баъд аз хатми сохтмони нерӯгоҳ бар асоси тавофуқоти имзошуда 12-у ним сол даромади ба дастомада аз неруи барқи ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Эрон қарор хоҳад гирифт.Танҳо баъд аз хатми ин мӯҳлат нерӯгоҳ ба дороии Тоҷикистон хоҳад гузашт. Қарор аст,сохтмони нерӯгоҳи Сангтуда-2 дар ду-се соли оянда ба поён расад ва он мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Тибқи хабарҳои муқаддамотӣ, қарор аст, имрӯз дар маросими расмии оғози сохтмони ин нерӯгоҳ Эмомалӣ Раҳмонов-Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, Саиди Парвизи Фаттоҳ-Вазири Энержии Ирон ва Муҳаммад Исмоилхон-Вазири Обу Барқи Афғонистон ширкат ҷуянд.
XS
SM
MD
LG