Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди вазири обу барқи Афғонистон аз Тоҷикистон


Бино ба иттилои сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳамммад Исмоилхон вазири обу барқи ин кишвар бо як сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе,пойтахти Тоҷикистон шудааст.Муҳаммадюнус Исмат муншӣ ва масъули бахши равобити сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт,сафари вазири обу барқи кишвараш баТоҷикистон бар асоси тавофуқи се ҷониба миёни вазоратхонаҳои энержии Афғонистон,Эрон ва Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Бар пояи ин тавофуқ қарор аст вузарои енержии ин се кишвар рӯзи душанбе,20 феврал дар шаҳри Душанбе ташкили ҷаласа диҳанд ва дар он дурнамои ҳамкориҳои енержиро байни се кишвар баррасӣ намоянд.Муҳаммадюнус Исмат муншӣ ва масъули равобити сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе дар робита ба барномаи сафари вазири енержии Афғонистон ба Тоҷикистон гуфт,қарор аст дар доираи сафар мулоқоти Муҳаммад Исмоилхон вазири обу барқи Афғонистон бо вазири енержии Тоҷикистон Ҷӯрабек Нурмаҳмадов доир гардад.Дар ин мулоқот,афзуд Муҳаммадюнус Исмат масъалаи бунёди хатти пуршиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Эрон баррасӣ мешавад.
Мутобиқи бароварди коршиносони вазорати енержии Тоҷикистон бунёди ин хатти пуршиддати барқ имкон медиҳад,ки барқи арзони Тоҷикистон ба қисматҳои шимоли Афғонистон ва ҳамчунин навоҳии ниёзманди Машҳади Эрон интиқол гардад.Вазорати энержии Тоҷикистон ҳазинаи иҷрои тарҳи мазкурро ҳудуди 200 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ менамояд ва мегуяд дар сурати сармоягузории он баъд аз панҷ шаш сол,бо роҳ афтодани навбати аввали нерӯгоҳи Сангтуда 1 интиқоли барқ ба шимоли Афғонистон ва музофоти Машҳади Эрон имконпазир мегардад.
Ин дар ҳолест,ки сокинони навоҳии шимоли Афғонистон беш аз ду даҳсола аст,ки аз истифодаи нерӯи барқ маҳруманд.Гуфта мешавад зимни мулоқоти вазирони енержии Афғонистону Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи интиқоли мавсимии барқ дар фасли тобистон аз Тоҷикистон ба Афғонистон низ мавриди гуфтугӯ қарор мегирад.Ба дунболи мулоқоти вузарои енержии Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон,ки 20 феврал дар назар аст,ҳамчунин интизор меравад дар заминаи тавсиаи ҳамкориҳои муштараки енержӣ миёни се кишвар як ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расад.
XS
SM
MD
LG