Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи президентӣ барои омӯзгорон


Бар тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон Ҷоизаи президентӣ барои омӯзгорон таъсис шуд ва мувофиқи фармони мазкур, шурӯъ аз соли равон, ҳамасола панҷ омӯзгори беҳтарини ҷумҳурӣ бо Ҷоизаи президентӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) доллари ИМА мукофотонида мешаванд. Бино бар хабари саҳифаи интернетии президенти Тоҷикистон, ин ҷоиза бо ҳадафи мусоадат ба рушди соҳаи маориф, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо таъсис ёфтааст. Вазорати молия муваззаф шудааст, ки маблағгузории ҷоизаҳоро дар соли 2006 аз ҳисоби бунёди захиравии Президенти ҶТ таъмин карда солҳои минбаъда бо ин мақсад дар буҷаи давлатӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд. Ҳукумати Тоҷикистон бо ин мақсад дар мӯҳлати ду моҳ Кумитаи ҷоизаи президенти Тоҷикистон дар соҳаи маорифро таъсис дода низомномаи он ва тартиби мукофотонидани Ҷоиза дар соҳаи маорифро таҳия ва тасдиқ менамояд.
Фирӯз Баротов, Душанбе
XS
SM
MD
LG