Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои созишнома миёни IOM ва Тоҷикистон


Созмони Байналмилалии Муҳоҷират рӯзи ҷумъа хабар дод, созишномаи наве, ки ин ҳафта миёни созмони мазкур ва ҳукумати Тоҷикистон имзо шудааст, имкон медиҳад ҳар ду ҷониб дар роҳи мубориза бо қочоқи инсон ҳамкории васеъеро ба роҳ монанд. Бар асоси ин созишнома, ҳукумати Тоҷикистон Созмони Байналмилалии Муҳоҷиратро ҳамчун узви комилҳуқуқи кумиссиёни давлатии мубориза бо қочоқи инсон дар Тоҷикистон мепазирад, ки 15 вазорат шомили он ҳастанд.
Тибқи санади мазкур, ду ҷониб иттилоъот доир ба қочоқи инсонро дар ихтиёри ҳам мегузоранд ва инчунин дар роҳи иҷрои барномаҳо ба зидди қочоқи инсон ва кӯмак ба қурбониёни қочоқ ҳамкорӣ мекунанд.
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират гуфтааст, Тоҷикистон яке аз кишварҳое манбаи қочоқи инсон аст ва сокинони онро умдатан барои корҳои маҷбурӣ ва сӯистифодаи ҷинсӣ ба Русия, Қазоқистон ва кишварҳои мухталифи Ховари Миёна қочоқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG