Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як бому ду ҳаво


Брюс Паннер Чаро Қирғизистон қимати иҷораи пойгоҳи Манасро даҳ баробар боло бурдан мехоҳад?

Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Руссия генерал Владимир Михайлов ва Дабири Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дар як мулоқот бо раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва вазири дифоъи ин кишвар Исмоил Исҳоқов мавзӯъи фардои пойгоҳи низомии Кантро матраҳ карданд.
Баъди ин дидору гуфтугӯ Владимир Михайлов гуфт, ки пойгоҳи Руссия дар ин кишвар барои ҳамешагӣ бунёд шудааст. Муовини Дабири Шурои амнияти Русия Юрий Зубаков дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи шурӯъи навсозии пойгоҳи Кант иттилоъ дод:

Имрӯз баъди тасвиби созишнома оид ба пойгоҳи Кант аз сӯи Думаи Русия вазорати дифоъи Русия тибқи нақша корҳои марбут ба ҷойгиршавӣ ва навсозии ин пойгоҳро шурӯъ кард.

Пойгоҳи ҳавоии Русия дар Кант дар чаҳорчӯби барномаи мубориза бо терроризми Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ тирамоҳи соли 2003 ум ифтитоҳ шуд. Генерал Владимир Михайлов ҳамчунин хабар дод, ки теъдоди низомиён дар ин пойгоҳ то 750 нафар афзоиш меёбад - айни ҳол дар Кант 300 нафар мустақаранд.
Стивен Бланк - коршиноси масоили амнияти миллӣ дар Пажуҳишгоҳи таҳқиқиоти стротегии Коллеҷи низомии Иёлоти муттаҳида мегӯяд, ки ҳадаф аз таъсиси пойгоҳи Кант - таҳкими ҳузури неруҳои Руссия дар Осиёи Марказист:

Ин барои низомиёни рус ва ҳукумати Русия басо муҳим аст, зеро ин пойгоҳи асосӣ барои ҳифзи манфиатҳои Руссия дар Осиёи Марказӣ ва барои талошҳои Русия аз тариқи Созмони амнияти дастаҷамъӣ таъсиси додани эътилофи низомӣ дар Осиёи Марказист. Ҳамин тариқ, Кант бахши аслии талошҳои Русия барои таҳти назорат доштани ҳарими ҳавоии Осиёи Марказӣ ва атрофи он мебошад.

Ва аммо вазъ дар пойгоҳи Манас, ки он ҷо неруҳои эътилофи зидитеррористии таҳти фармони Иёлоти муттаҳида мустақаранд, куллан фарқ мекунад. Ахиран дар як мусоҳиба бо нашрияи "Коммерсант" чопи Маскав раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев гуфт, ки мехоҳад қиммати иҷораи солонаи ин пойгоҳро аз 2 миллион доллари феълӣ то 207 миллион доллар боло барад.
Баъди хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз пойгоҳи Хонободи Узбакистон Манас барои неруҳои эътилоф аҳамияти зиёдеро касб кардааст. Ёдовар мешавем, дар посух ба интиқоди Иёлоти муттаҳида аз саркӯб кардани тазоҳурот дар шаҳри Андиҷон тавассути пулису низомиёни узбак, ки боиси ҳалокати садҳо нафар гардид, ҳукумати Узбакистон талаб кард, ки неруҳои эътилоф то охири сол пойгоҳи Хонободро тарк кунанд.
Аз нигоҳи Стивен Бланк, талаби мақомоти Қирғизистон барои боло бурдани қимати иҷораи пойгоҳ шояд, ба истилоҳ муқаддимаи музокироти оянда бошад.
Аслан даъват барои боло бурдани қимати иҷораи пойгоҳи Манас бори аввал аз забони раисиҷумҳури Қирғизистон моҳи декабр садо дода буд, аз ин рӯ изҳороти ахири ӯ дар нашрияи "Коммерсант" ғайриинтизор набуд.
Иёлоти муттаҳида ба талаби Қирғизистон ҳанӯз посух надодааст ва аммо интизор меравад, ки тайи шаш моҳи оянда чанд тан аз мансабдорони воломақоми Амрико, ба шумули Котиби давлатӣ Кондализа Райс, ба Бишкек сафар кунанд ва, бидуни шубҳа, боло бурдани қимати иҷораи пойгоҳи Манас аз муҳимтарин масоили дидору гуфтугӯҳои онҳо бо мақомоти Қирғизистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG