Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо хатти машйи муштарак дар муқобили тавсеаи зукоми мурғиро баҳс дорад.


Ба назар мерасад, ки ҳар рӯзи нав ба аврупоиҳо хабаре аз тавсеаи зукоми мурғӣ дар ин қораро илова намуда, ташвиши онҳоро бештар мекунад.
Рӯзи панҷшанбе Иттиҳодияи Аврупо тасдиқ кард, ки дар ҷасади қуҳои ваҳшии олмонӣ ангезаи одамкуши H5N1 ҳузур дорад. Чанд рӯз пеш Италия ва Юнон эълон карданд, ки дар ин кишварҳо ҷасадҳои паррандаҳои ваҳшии мубталои вируси H5N1 ёфт шудааст.
Ташхиси зукоми мурғӣ боиси афзоиши нигаронии аврупоиҳо шуд. Рӯзҳои ахир муштариён ба гӯшти парранда таваҷҷӯҳи зиёд нишон намедиҳанд. Аммо мутахассисон мегӯянд, агар шароити нигаҳдошти гӯшт ва тарзи пухтани он ба меъёрҳо мутобиқат кунад, истеъмоли гӯшти парранда ҳеҷ хатаре надорад.
Дар ҳамин ҳол Хуан Лаброз корманди муассисаи озуқа ва кишоварзии СММ (UNFAO) таъкид мекунад, ки ташхиси саривақтӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки назорату муроқибати гардиши паррандаҳо кори самарабахш аст.
Ӯ меафзояд:
"Мо бо тавсеаи ангеза мувоҷеҳ нашудаем. Ин фақат пайдоиши ангеза дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мебошад. Фарқ миёни ду ин аст, ки фаъолияти инсон дар тиҷорат ва роҳҳои парвариши парранда имкони тавсеаи зукоми мурғиро ба вуҷуд меорад. Ангезаи зукоми мурғиро ба Аврупо паррандаҳои ваҳшӣ оварданд. Ин омил маънии онро дорад, ки хадамоти нозири кишварҳои аврупоии Италия, Юнон, Олмон, Дания ва Австрия назорати фаъоли паррандаҳои ваҳширо танзим кардаанд."
Ҳадаф аз назорати шадид ҷилавгирӣ аз тавсеаи ангеза аз паррандаҳои ваҳшӣ ба паррандаҳои хонагӣ ва инсон мебошад.
Муассисаи озуқаву кишоварзии СММ ба иқдомҳои Италия баҳои баланд дод. Ҳафтаи гузашта баъди ташхиси ангезаи зукоми мурғӣ дар ҷисми шаш қуи мурда, маоқомоти Италия минтақаи фавти қуҳоро бастанд ва дастур доданд, ки ҳаракати паррандаи хонагии гирду атроф комилан қатъ гардад.
То кунун беш аз 90 нафар-асосан сокинони Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз гирифторӣ бо ангезаи кушандаи H5N1 ба ҳалокат расидаанд ва то ҳол ҳодисаи сирояти ин ангеза аз як инсон ба инсони дигаре собит нашудааст. Вале нигаронӣ бисёр аст, ки бо мурури замон H5N1 тағйири шакл намуда, на танҳо ҳангоми иртиботи инсон бо парранда, балки бо роҳҳои дигар низ ба инсон сироят намояд.
Байторҳои мамолики аврупоӣ дар шаҳри Бурсел ҷамъ шудаанд, то хатти машйи ягонаро муқаррар намоянд.
XS
SM
MD
LG