Пайвандҳои дастрасӣ

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон такмил ёфт.


Полковник Алексей Завизон, фармондеҳи нави фирқаи 201 - Русия дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пурра такмил шуд ва минбаъд дар ҳамин доира дар Тоҷикистон фаъол хоҳад буд. Алексей Завизон пас аз дидораш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ба ҷуз кӯчонидани хонаи афсарон, беморхонаи низомӣ ва кӯдакистон, дигар ҳамаи масоили марбут ба пойгоҳи низомӣ сад дар сад ҳал шудааст. Русия тибқи як созишномае, ки бо ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонида буд, дар заминаи фирқаи 201 -и худ, ки аз замони Шӯравӣ ба ин тараф дар Тоҷикистон ҳузур дошт, пойгоҳи низомии худро дар ин кишвар таъсис дод. Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон яке аз нишонаҳои қаробати ҳамкориҳои ҳарбӣ миёни ин ду кишварро, дар як рӯз таҷлил кардани рӯзи миллии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон медонад. Ду кишвар 23 февралро ҳамчун рӯзи нерӯҳои мусаллаҳ ҷашн мегиранд.
XS
SM
MD
LG