Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи вижа барои ҷилавгирӣ аз амрози зуҳравӣ


Шаҳло Бо иллати афзоиши теъдоди гирифторони бемориҳои зуҳравӣ аз ҳисоби ноболиғону ҷавонони тоҷик, маркази бемориҳои пӯст ва ҷимоъии пойтахт дар ҳамоҳангӣ бо кумитаи кор бо ҷавонон ва шӯрои занон ният дорад, як барномаи вижаеро роҳандозӣ кунад.

Бар тибқи ин барнома, дар чаҳор маркази дилхушии пойтахт Диёр, Порт Саид, Дӯстӣ ва Океан миёни чавонону наврасон, ҳамчунин, кӯдакони хиёбонӣ аз гурӯҳҳои хатарзо оид ба хавфи ин амроз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Саид Раҳимов, сардухтури маркази бемориҳои пӯст ва ҷимоъӣ мегӯяд, ҳарчанд, шумори расмии мубталоёни бемориҳои таносулӣ мисли оташак, сӯзок ва трихомонос имрӯз дар кишвар беш аз 300 дониста мешавад, аммо ин арқоми дақиқ нест.

«Аз сабаби он ки имрӯз дар миқёси шаҳри Душанбе ташхисгоҳҳои зиёди шахсӣ арзи фаъолият намудаанд, ки ба табобати ин касалиҳо даст мезананд ва онҳо ба қайд гирифта намешаванд, барои ҳамин ҳам омори дақиқи беморон мавҷуд нест. Ҳозир 25 намуд ингуна бемориҳои таносулӣ мавҷуд аст, ки аксаран дар миёни ҷавонон паҳн шудааст. Ва барои он ки оқибатҳои вазнини он ба генофонди миллӣ таъсир нарасонад, мо тасмим гирифтем, ки ҳамин барномаро роҳандозӣ кунем.»

Оғои Раҳимов афзуд, аксари гирифторони бемориҳои таносулӣ, ки синнашон аз 12 то 30 сол аст, ҷойи истоқомати муайян надоранд ва ғолибан онҳоро шабонгаҳ кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз марказҳои дилхушӣ иҷборан барои ташхис ба дармонгоҳ меоранд. Аммо бо иллати набуди ҷойи махсус имконе нест, ки ин ҷавонон барои табобат дар дармонгоҳ нигоҳ дошта шаванд, мегӯяд Саид Раҳимов. Аз ин лиҳоз, дар дохили дармонгоҳ махсус барои чавонону наврасони бемор утоқи шабонарӯзии ташхисӣ боз шудааст.

«Пас аз таъмири беморхонаи назди дармонгоҳ дар он мо танҳо беморҳои пӯстро ҷо медиҳем. Шумораи калони касалҳои сироятиро мо наметавонем дар беморхона ҷо бидиҳем.»

Саид Раҳимов мегӯяд, ғолибан ба маризиҳои зуҳравӣ ноболиғони танфурӯш ва муштариёни онҳо мубтало мешаванд, ки гуфта мешавад, онҳо дар як шабонарӯз бо аз 7 то 15 ҷавон мулоқот мекунанд. Дар ин зимн, мо бо чанде аз чунин духтарон, ки дар рақсгоҳҳо муштариёни худро пайдо мекунанд, сӯҳбат доштем, ки оё то куҷо онҳо аз ташхиси муассисаҳои тиббӣ мегузаранд:

«Моро мебаранд «проверка »мекунанд, касал ки набудем, ҷавоб медиҳанд»
«Худамон духтур намеравему вақте, ки облава мекунанд бурда дар беморхона аз ташхис мегузаронанд. Агар бемор будем, дар Яккачинор барои як моҳ табобат мекунанд»


Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки бо мақсади истироҳат зуд - зуд ба рақсгоҳҳо меравад, мегӯяд:

«Ман бо ҳамроҳии дӯстонам тез - тез ба дискоклубҳо меравем. Ҳарчанд дар ин ҷо ба бемориҳои мухталиф гирифтор мешаванд, аммо то ҳол ба ин муассисаҳо ягон кас аҳамияти ҷиддӣ надодааст.»

Дар ҳамин ҳол, Қиёмиддин Миралиев, раҳбари маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонони кумитаи кор бо ҷавонон гуфт, онҳо ният доранд, барои ба танзим даровардани фаъолияти рақсгоҳҳо ва марказҳои дилхушии ҷавонон асноди ҳуқуқӣ таҳия кунанд:

«Мутаассифона, имрӯз барои назорат бурдан аз болои дискоклубҳо ва марказҳои дилхушии ҷавонон кумитаи кор бо ҷавонон ва ё дигар вазорату идораҳо асноди ҳуқуқӣ мавҷуд нест. Аз ин сабаб, мо ҳаракат мекунем, ки соли равон механизми ҳуқуқӣ таҳия гардад ва дар солҳои оянда мо умедворем, ки аллакай фаъолиятҳои марказҳои фароғатии ҷавонон то дараҷае танзим мегардад ва мо метавонем ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намоем.»

Ба гуфтаи Саид Раҳимов, сардухтури маркази бемориҳои пӯст ва ҷимоъи шаҳри Душанбе, амрози зуҳравӣ мисли оташак, сӯзок ва трихомонос табобатшавандаанд, аммо дар сурати сари вақт муолиҷа нашудан, метавонанд, бо маъюбӣ ва безурётии шахси бемор анҷомад. Аз ин сабаб, аз рӯи нақшаи барномаи ҳамин марказ, ки бояд аз моҳи марти соли ҷорӣ пиёда гардад, ташхису муолиҷаи чавонон ва наврасони мубталоёни ин амроз ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.
XS
SM
MD
LG