Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алло?


Матолиби муҳими нашрияҳои Душанбе Дар қатори мавзӯъоти мухталиф, ҳафтаномаҳои чопи Душанбе дар шумораҳои нави худ ба лоиҳаи қарор дар бораи таъсиси маркази коммутатсионӣ ва нуқтаи дастрасӣ ба манобеъи ҷаҳонии иттилоот таваҷҷӯҳи вижа додаанд.

«Азия - Плюс» бо ихтисоси се сафҳаи комили худ ба ин масъала навиштааст, ки мувофиқи ин қарор, таъсиси як марказе дар назар аст, ки ҳамаи ширкатҳои ходими мобил ва Интернет бояд ба он пайваст бошанд ва иртиботҳои худро тариқи он пиёда бисозанд. Ин қарор ширкатҳои мобиливу интернетии Тоҷикистонро мушавваш сохта ва онҳо бо як изҳорот ба порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Дар ин муроҷиатнома, ки матни комили онро нашрияи «Реклама ва Сервис» чоп кардааст, соҳибкорон гуфтаанд, ин қарор хилофи қавонини Тоҷикистон аст ва ҳам, амнияти иқтисодӣ ва иттилооти Тоҷикистонро зери хатар гузошта ширкати давлатии «Тоҷиктелеком»-ро, ки қарор аст, марказ дар назди ин ширкат таъсис бишавад, ба монополисти соҳа табдил медиҳад.

Ва аммо вазири алоқаи Тоҷикистон, Саид Зувайдов ба «Азия - Плюс» гуфтааст, марказ бо ҳадафи истифодаи босамари шабакаҳои алоқаи иттилоотӣ ва ҳам, ҷилавгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии ин шабакаҳо бунёд мешавад.

«Миллат» қавли ширкатҳоро овардааст, ки дар ҳоле, ки агар куллияи иртибот тавассути як марказ сурат бигирад, дар ҳоли ягон ҳодисаи ғайримунтазира тамоми кишвар аз Интернет ва алоқаи мобилӣ маҳрум мешавад. «Миллат» боз навиштааст, оҷонсии зиддимонополии Тоҷикистон лоиҳаи вазорати алоқаро муғойир ба қонунгузории кишвар баҳо додаааст.

«А-П» илова кардааст, ки ин лоиҳаро дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барои таҷдид бозгардонидааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар бораи моҷарои карикатурӣ назари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, вакили Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистонро пурсон шудааст. Ҳарду чопи аксҳои карикатурии пайғамбари мусалмононро таҳқири як қишри бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ номидаанд. Бо изҳори хушнудӣ аз мавқеъи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид, ки нашри он аксҳоро маҳкум карда буд, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳиддин Кабирӣ гуфтаанд, он ки мардуми Тоҷикистон ба мисли мардуми дигар кишварҳо тазоҳуроти эътирозӣ баргузор накардааст, маънои онро надорад, ки мардум барои ҳимоя аз арзишҳои мазҳабии худ ҷуръат накардааст, балки он аст, ки пас аз воқеъоти солҳои навад ҳар гуна ҳамоиши эътирозӣ дар зеҳни мардум боз ҳам ҷангро меорад.

Қазияи дигари ҷаҳони имрӯз, барномаи ҳастаии Эрон ҳам дар нашрияҳои чопи Душанбе мунъакис гардида буд. «Наҷот» навиштааст, ҷанги равонӣ ва лафзӣ миёни Эрон ва Ғарб торафт лаҳни шадидтар мегирад ва дипломатия дар ҳалли ин бӯҳрон оҷиз мондаву ҳамакнун, хаёлан дигар садои танку тӯп ба гӯш мерасад. Муаллифи матлаби «Наҷот» навиштааст, моҷарои Эрон эҳтимолеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд Иттиҳоди ғайрирасмии зиддиамрикоӣ, ки баъд аз ҷанги Афғонистону Ироқ ба шаклгирӣ оғоз карда буд, ташкил биёбад.

«А-П» бо ишора ба таъсиси эҳтимолии чунин як созмоне навиштааст, эътилофе бо шумули Русияву Ҳинду Чину Эрон қобил ба ҷилавгирӣ аз иқдомоти ба истилоҳи матлаб ҳар ғосибе хоҳад буд.

Ҳафтаномаи «Наҷот» як сӯҳбати вижа бо Раҷаби Мирзо, сарвари тозаинтихоби бахши душанбегии Ҳизби демократии Тоҷикистон анҷом додааст. Раҷаби Мирзо, сардабири «Рӯзи Нав» гуфтааст, сабаби ба сиёсат рӯ овардани ӯ он аст, ки ӯро нагузоштанд ба рӯзноманигорӣ машғул бошад ва ӯ ба хотири ислоҳи вазъ ба майдони сиёсат омадааст. Раҷаби Мирзо гуфтааст, аввал дар фикри таъсиси як ҳизбе буд, вале бо фикри он ки мушкили сабти ном пешаш хоҳад омад, идеяҳои ҳизби демократҳоро ба худ наздиктар дониста ва ба ин ҳизб пайвастааст. Ва аммо дар мавриди «Рӯзи Нав» гуфтааст, ӯ намедонад, ки аз ӯ чӣ мехоҳанд ва ӯ чӣ кор бояд бикунад. Ӯ ҳолати «Рӯзи Нав»-ро ба он ташбеҳ додааст, ки гӯё гаравгон гирифта бошанд ӯрову бар ивазаш намедонанд ки чӣ бихоҳанд.

Дар идомаи мавзӯъи аҳзоби сиёсӣ. Ҳафтаномаи мустақили «Миллат» бо руасои ҳарду ҷиноҳи ҳизби сотсиалистӣ, Абдулҳалим Ғаффоров ва Мирҳусейн Назриев сӯҳбат карда ва қазияи ин ҳизбро ба миён гузоштааст. Абдулҳалим Ғаффоров аз ҳизбҳои демократу сотсиал - демократ даъват кардааст, ки дигар аз ҳизби сотсиалист дар ҳар изҳороти худ ном набаранд. Ва аммо Мирҳусейн Назриев гуфтааст, Абдулҳалим Ғаффоров ҳақ надорад, чунин иддао бикунад. Ва дар ҳошияи сӯҳбати ин ду нафар, «Миллат» шарҳи намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистонро овардааст, ки ӯ гуфтааст, вазорати адлия нусхаи дуввуми шаҳодатномаи ҳизби сотсиалистиро ба Абдулҳалим Ғаффоров додаву ӯро ба ҳайси раиси қонунӣ шинохтааст.

«Бизнес и Политика» хабаре нашр кардааст, ки мувофиқи он дар шаҳри Хуҷанд тафтиши ғайринавбатии созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ шурӯъ шудааст ва ин дафъа ин созмонҳоро шӯъбаи шашуми вазорати умури дохила, ки масъули мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил аст, мегузаронад. Намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ гуфтаанд, ин шӯъба ҳаққи тафтиши онҳоро надорад ва ҳам ҷараёни тафтиш дағал мегузарад.
XS
SM
MD
LG