Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иёлоти Муттаҳида даъвати СММ-ро ба бастани Гуантанaмо рад кард


Иёлоти Муттаҳида пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳидро (СММ) дар бораи бастани боздоштгоҳи гумонбаршудагони террор дар Халиҷи Гуантанамои Куба рад кард. Сухангӯи Кохи сафед Скот Маклелан гуфт, дар ин маҳбас онҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки ба қавли ӯ, "террористони хатарноканд." СММ дар гузориши худ ба зарурати бархӯрди инсонӣ ба маҳбусон ишора карда, аз Иёлоти Муттаҳида хостааст, шиканҷа ва бархӯрди ғайриинсониро бо маҳбусон қатъ кунад.
Дабири кулли СММ Кофӣ Анон гуфт, бо вуҷуди он ки на ба ҳамаи нукоти гузориши гурӯҳи СММ розист, боздоштшудагон бояд дер ё зуд муҳокима шуда, маҳбас баста гардад. Дар ин марказ наздик ба 500 нафаре нигаҳдорӣ мешаванд, ки асосан дар солҳои 2001 ва 2002 дар Афғонистон аз тарафи нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида боздошт шудаанд. Ба ҳисобҳои гуногун дар ин боздоштгоҳ то 13 шаҳрванди Тоҷикистон низ будаанд, ки чандин нафари онҳо озод шуда, ба Тоҷикистон баргашт.
XS
SM
MD
LG