Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон


Ахиран Русия лоиҳаи як қонуни ҷадид оид ба назорати давлатии созмонҳои ғайриҳукуматиро таҳия кард, ки тибқи он фаъолияти ин созмонҳо шадидан назорат шуда, боз кардани бахшҳо ва намояндагиҳои созмонҳои хориҷӣ дар қаламрави Русия мамнӯъ эълон шудааст. Нигаронии масъулини созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон пас аз ин хабар ки феълан як лоиҳаи қонун дар бораи танзими фаъолияти ин гуна созмонҳо мавриди баррасии Маҷлиси Намояндагон қарор гирифтааст, бештар шуд. Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси Анҷумани ғайриҳукуматии «Занони соҳибмаълумот» мегӯяд, қонуни ҷадид дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд дар мувофақа ва бо назардошти пешниҳодоти масъулини ин созмонҳо таҳия шавад:

"Ҳабдаҳуми феврал маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ мешавад ва он ҷо ҳамин саволро ман ба раиси порлумон Сайдулло Хайруллоев доданӣ ҳастам, яъне аз ун кас пурсиданиям, ки чӣ фарқияташ ҳаст ё чӣ зарураташ буд, ки ҳамин лоиҳаи қонуни нав таҳия шавад. Ё ягон вохӯрӣ бо он кумитаи Маҷлиси Намояндагон, ки бо ин масъала Машғул аст, бо мо, созмонҳои ҷамъиятӣ доир шавад."

Ва аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қонуне бояд ба тасвиб расад, ки назорати шадиди фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматиро пешбинӣ кунад. Давлат Сулаймонов, масъули идораи сабтиноми аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорати адлия бар ин назар аст, ки феълан зарурати қабули чунин як қонун дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ба миён омадааст ва зимнан ҳар як созмони ғайриҳукуматӣ бояд фаъолияти шаффоф дошта бошад, яъне дар бораи кори худ ҳамасола ба мақомоти Тоҷикистон маълумот диҳад ва қонунҳои ин кишварро ҷиддан риоя кунад. Ба гуфтаи оқои Сулаймонов, лоиҳаи қонуни ҷадид дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ, ки дар ҳоли ҳозир мавриди баррасии порлумони Тоҷикистон қарор дорад, хилофи меъёрҳои демократӣ нест, танҳо фаъолияти онҳоро танзим мекунад.
Дар ҳамин ҳол Шерхон Салимов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунҳо, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ахиран дар як мизи гирд зарурати тасвиби чунин як қонуни танзимкунандаи фаъолияти созмонҳои ҷамъиятиро таъкид карда ва гуфт:

"Мо омодаем, ки ҳар як таклифу пешниҳоди шуморо мавриди баррасӣ қарор диҳем. Ва гумон мекунам, ки албатта бо қарори Шӯрои Маҷлиси Намояндагон, шояд як кумиссиюни махсус таъсис дода мешавад, чунки дар ҳақиқат қонун қонуни муҳим аст, вай ба ҳуқуқу озодиҳои инсон вобастагии бениҳоят зиёд дорад, яъне ҳуқуқи конститутсионии шахс ба муттаҳид шудан ва фаъолият намудан дар ҷомиа."

Меҳринисо Бобобекова, раиси Созмони ғайриҳукуматии «Хубони порсигӯ» мегӯяд, қонуни амалкунанда дар бораи созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ ҳанӯз дар соли 1998 қабул шуда буд ва бинобар ин ки феълан теъдоди ин гуна созмонҳо афзудааст, ин қонун бояд такмилу таҷдид шавад, зеро шаклҳои фаъолияти созмонҳо гуногун аст ва қонуни мазкур на ҳамаи онро фаро гирифтааст:

"Албатта оид ба назорат аз болои созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ шояд қонуни нав назорат набошад, балки он ба низом овардан, танзим кардани фаъолияти ин созмонҳоро пешбинӣ кунад. Зеро то имрӯз аксаран созмонҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии моддии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ фаъолияти худро ба роҳ мемонанд ва ҳамин ки ин дастгирӣ ба поён расид, дигар онҳо наметавонанд фаъолият кунанд. Бештар он созмонҳое, ки аллакай хеле дастовардҳои хуб доранд ва дар кор бо мардум таҷрибаи зиёд касб кардаанд, бояд имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ин созмонҳоро дастгирӣ кунад, яъне маблағгузорӣ намояд."

Бархе аз вакилони порлумони кишвар иддао доранд, ки таҳия ва қабули чунин як қонун, ки бар тибқи он фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ зери назорати ҷиддии давлат қарор гирад, ногузир аст. Шодӣ Шабдолов, вакили маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон:

Вақте ки аз чорчӯбаи ин қонун, Қонуни асосӣ ва қонунҳои ҷорӣ созмонҳо берун гом гузоштанд, давлат бояд пеши роҳи онҳоро бигирад. Агар ин корро накунанд, ин давлат мисли он давлати Шӯравӣ мешавад, ки барҳамхӯрияш аз дасти ҳамин созмонҳои ғайриҳукуматӣ сар шуд. Чандин созмонҳои ғайридавлатӣ дар Прибалтика ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон рӯ омаданд, ки аз доираи қонун берун рафтанд, ба ҷойи ин ки кори ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ бикунанд, инҳо даъвои сиёсату давлатро карданд.

Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди се ҳазор созмони ҷамъиятӣ ва ғайриҳукуматӣ фаъолият мекунад. Барои нахустин бор дар соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти баъзе созмонҳои ҷавононро маблағгузорӣ кард ва дар пешорӯи мулоқоти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов бо занону бонувон, масъулини як идда созмонҳои ҷамъиятии занон мехоҳанд аз ҳукумати кишвар дархост кунанд, ки барои фаъолияти ин созмонҳо низ кӯмаки билоавази давлатӣ ироа шавад.
XS
SM
MD
LG