Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон орифонро саркӯб мекунад


Гулнози Исфандиёрӣ Шоҳидони айнӣ мегӯянд, мақомоти Эрон як маъракаи густардаи саркӯб кардани аҳли тасаввуфро дар ин кишвар шурӯъ кардаанд. Бо вуҷуди он ки дар Эрон ҳамеша соишҳое миёни мазҳабгароёни тундрав ва пайравони ирфон вуҷуд дошт, ин ҳамла гӯшношунид қаламдод мешавад.

Ноиби ҳокими шаҳри Қум Аҳмади Ҳоҷизода гуфт, 1200 пайрави тасаввуф дар ин шаҳр ба думболи як задухӯрд ба ҳабс гирифта шуданд. Вай афзуд, дар ин даргириҳо 100 нафар, ба ҷумлаи 30 афсари полис захмӣ шудаанд. Мақомоти эронӣ рӯзи 13-уми ноябри соли гузашта ба ҷамоаи сӯфиёни Қум ҳушдор доданд ва ба думболи он ба онҳо ҳамлавар шуданд. Мақомот мегӯянд, дарвешон як манзили зистро дар маркази шаҳрии Қум ба хонақоҳ табдил дода, дар ин ҷо ҷамъ мешуданд ва бо зикру самоъ машғул буданд. Ин мақомот сӯфиёнро айбдор мекунанд, ки бархе аз онҳо мусаллаҳ будаанд, аммо худи пайравони тасаввуф ин иттиҳомотро рад карда, мегӯянд, сабаби асосӣ ин аст, ки солҳои охир тасаввуф дар миёни мардуми Эрон маҳбубияти бештар касб мекунад ва ин ҳолат ба мақомоти эронӣ, махсусан охундҳо нофорам аст. Шоҳидони айнӣ ва худи дарвешон дар бораи ҳабсу захмӣ шуданҳо арқоми дигареро номбар мекунанд. Онҳо мегӯянд, наздик ба 2 ҳазор нафар боздошт шудаву 350 нафар захмӣ гаштааст. Ба думболи задухӯрд бинои хонақоҳи сӯфиён аз байн бурда шудааст.
Тасаввуф як ҷараёни исломият ва бештар ба рӯҳу равони мардум, ишқ ба худованд, покизагию порсоӣ равона шуда, дар маросимҳои он аз рақс, мусиқӣ ва зикр истифода мешавад. Ҳарчанд сӯфиён тамоми фаризаҳои исломиро ба ҷо меоранд, аз нигоҳи муҳофизакорони мазҳабӣ онҳо ширк ва хатаре ба ислом шумурда мешаванд. Аммо дар 27 соли ҷумҳурии исломӣ ягон бор сӯфиён ҳадафи ҳамлаи ошкоро ва латукӯб қарор наёфта буданд. Саид Мустафо Озмоиш, яке аз мутахассисони тасаввуф мегӯяд, солҳои охир чанд китоби зидди тасаввуф аз тарафи оятуллоҳо ба нашр расид, ки ирфон дар онҳо шадидан маҳкум мешавад. Ба гуфтаи вай, ҳамла ва саркӯбгариҳои сӯфиён низ баъд аз маъвизаи ин охундҳо ва даъвати онҳо ба решакан кардани тасаввуф аз хоки Эрон ба вуқӯъ пайваст.
XS
SM
MD
LG