Пайвандҳои дастрасӣ

Камрангии нанг


Нангу номус вожаҳои пайвандхӯрда ба зиндагии мардумони эронитаборест, ки асли худро набохта бошанд. Дар ин марвид, ки номус падидаи манфӣ низ метавонад бошад, соҳибдилеро наметавон ёфт, ки баҳс кунад. Ба як маъно ҳама номусу нангро асли ҷавонмардӣ ва футувват медонанд. Агарчанд на ҳамеша шояд касоне ҳам ки сӯҳбат аз ҷавонмардӣ ва номусдорӣ мекунанд ба ин ойин тавониста бошанд, ки пойбанд бимонанд.
Шоири мардумии Тоҷикистон Салимшо Ҳалимшо мӯътақид аст, ки тоҷикон бо муҷарради аз даст додани нанги миллӣ ва ватандорӣ ва пойбанд намондан ба асли ватандорӣ, ки дарунмояи он нанг аст, ба тадриҷ ҳама чизро аз даст доданд. Ба назари ӯ инсон вақте нангро аз даст медиҳад ҳама чизи дигарро метавонад аз даст бидиҳанд. Зеро нангу номус аз ҳуқуқи фитрӣ ё худододии инсон аст ва инсон ҳаққи аз даст додани нангро надорад. Шоир Ҳалимшо мегӯяд, дуруғгӯӣ ва тамаллуқкорӣ низ ки дар замони мо роиҷ шудааст, бенангӣ ва беномусист. Бузургони мо, ба гуфтаи ӯ, барои он сазовори эҳтиром буданд ва ҳастанд, ки нангро аз даст надоданд. Ба дарбор нарафтан ва вораста ва озода зистанд ва зиндагии мушкилро бар риёкорӣ бартарӣ додан, ки пешаи бузургони мо будааст, мегӯяд Ҳалимшо аз доштани нанг аст. Аммо имрӯз олиму шоир ҳама баробар ба ситоиши роҳбарон мепардозанд, чи дар телевизон ва чи аз расонаҳои чопӣ, ки нишоне аз нангбохтагист.
Дар ҳамин ҳол шоир ва нависандаи тоҷик Сайёд Ғаффор, мусоҳиби дигари мо, мегӯяд, вақте одам нангро аз даст медиҳад, метавонад дурӯғ бигӯяд ва рӯшанфикрон дар тули торих рисолаташон ин буда, ки ҳақиқат ва мушкилоти ҷомеаро бубинанд ва ба ҳар баҳое ва ҳар қимате онро ифшо кунанд. Аммо аксари рӯшанфикрони мо имрӯз ҳамин рисоалти худро наметавонанд ба ҷо биоранд. Ва аз гуфтани ҳақиқат мегурезанд ва ин гурез аз нанг аст. Аз ҷаноби Сайёд мепурсам, бисёр мешавад, ки ба асари нанги беҷо кас иқдоме мекунад, ки бар зиёни худаш анҷом мешавад. Ва ин гуна мавридҳо бисёр мушоҳида мешавад ва хоси мардуми мост ва бо таваҷҷӯҳ ба ин мешавад гуфт, ки нангу номус зуҳуроти манфӣ низ дорад. Гуфт, гоҳе ғурур ва фахр ва ё якравӣ ба маънои нанг тафсир мешаванд. Нанг гоҳе ба садо меояд, ки кас ноҳаққӣ ё таҳқир мебинад ва дар ин ҳолат бояд сар бардорад, мушт ба гиребон шавад ва аз ҳаққи инсонии худ дифоъ намояд.
Аммо нависандаи саршиноси тоҷик Баҳманёр мегӯяд, тоҷикон имрӯз дар ҳоле ҳастанд, ки нанг надоранд ва миллатҳои ҳамсоя кайҳо аз онҳо пеш гузаштаанд. Ба ақидаи ҷаноби Баҳманёр таърифҳои бузургию бофарҳангию таърихдории тоҷикон миллатро танбалу коҳил кардаанд ва агар таҳаввуле рӯй надиҳад ва агар ҳамагон сарҷамъу дастбакор нашаванд, дар пеш рӯшание ба чашм намерасад. Баҳманёр дар бораи сабаби ин вазъ мегӯяд "Шоҳнома", ки бузургтарин рамзи нангу номус ва ҷавонмардист дар миёни соҳибони худ хонанда надорад. Ва мутолиа накардан ва аз китобу дониш дур шудан асли нангбохтагист.
Ба ҳамин тартиб, ҷомеаи тоҷик ба андешаи бархе рӯшанфикрон гирифтори як бӯҳрони ҳувият шудааст, ки он дар навбати худ, ба эътиқоди андешамандон, ба нанг ва номус, аввал ба сурати инифродӣ ва баъд ба сурати миллӣ ё ҳамагонӣ бар мегардад. Рӯшанфикрони солманди тоҷик ин мушкилро дар аслбохтагӣ ва ё камранг шудани вожаи нанг дар миёни афроди ҷомеа медонанд. Аммо шояд насле низ дар ҳоли ташаккул аст, ки назари дигар дорад. Вале то ҳоло касе натавонистааст, ки ин андешаро рад кунад.
XS
SM
MD
LG