Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзили хуб барои морон


Аз рӯзномаи "Hindustan Times" Дар Ҳиндустон морҳои афъӣ ва заҳрдор як бемористонро дар шимоли ин кишвар ишғол кардаанд.

Мақомоти беҳдоштии Ҳиндустон барои бозрасии Маркази тандурустӣ ба як рустои аёлати Уттар Прадеш омада, дар ҳуҷраҳо ва маркази ҷарроҳии ин бемористон ба ҷои беморону пизишкон морҳои бешуморро диданд ва аз дидаҳои худ такон хӯрданд. Сабаб дар он будааст, ки ба иллати дурии бемористон аз нуқоти маскунӣ ҳеҷ кас ба он намеояд ва биноро алаф зер карда, ба беҳтарин манзили мору хазандаҳо табдил додааст. Як мақоми баландпояи беҳдоштии Деҳлии Нав Би Натс, ба хабарнигори рӯзномаи "Ҳиндустон Таймс" гуфтааст, ҳатто ягон нақлиёти маҳаллӣ аз масири наздик ба бемористон намегузаштааст. Чанд корманди бемористон низ танҳо гоҳе ба корхонаи худ меомадаанд ва он ҳам барои як фурсати кӯтоҳ.
XS
SM
MD
LG