Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марг дар муҳоҷират ва аз дасти ҳамватан


мр

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон дар ноҳияи Пресняи шаҳри Маскав ба дасти як ҳамватани худ кушта шудааст. Ба маълумоти намояндаи сафорат, ин шахс Раҷабмурод Давлатов, зодаи деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистон буда, қотили ӯ, ки низ шаҳрванди Тоҷикистон будааст, боздошт шудааст. Ангезаи ин куштор ва ҷузъиёти он ҳанӯз рӯшан нашудаанд, вале сафорати Тоҷикистон аз афзоиши хушунату зӯроварӣ дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст. Дар чанд соли охир ин дуюмин ҳодисаи қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ба дасти ҳамватани худ аст. Айни чунин ҳодиса се сол пеш дар яке аз вилоятҳои Сибир ба амал омада буд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG