Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгуӣ дар бораи нооромӣ дар Осиёи Марказӣ


Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ дар гузориши ҷадиди худ, ки имруз дар Бруксел ба нашр расонд, аз маҳофили байналмилалӣ хостааст, ки стротегияи наверо таҳия кунанд ва ба имкони нооромиҳо дар Осиёи Марказӣ омода шаванд. Дар гузориши мазкур омадааст, имкони қавии нооромӣ дар Узбакистон вуҷуд дорад ва чунин вазъ саранҷом ин кишварро метавонад ба маркази имконпазири ба ҳам хурдани субот дар минтақа табдил диҳад. Дар гузориши Гуруҳи Байналмилалии Буҳроншиносӣ омадааст, сиёсати кишварҳои ғарбӣ бад-он маънист, ки онҳо аз равандҳои рушди бози сиёсиву иқтисодӣ, ки то ҳол ноком шудааст, ҷонибдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG