Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лоиҳаҳои СММ барои Тоҷикистон


Ожонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои кӯмакрасон дархост кардаанд, ки барои Тоҷикистон дар соли 2006 беш аз 51 миллион доллари амрикоӣ ихтисос диҳанд. Уилям Пейтон-раҳбари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин созмон 56 лоиҳа таҳия кардааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиши мизони нодорӣ, табобати беморони Эйч-Ай- Ви, инчунин таҳқиқи манотиқи кӯҳӣ, таҳкими назорати марз равона шудаанд. Оқои Пейтон мегӯяд, дар ҳоле ки ҳаҷми кӯмаки молии ҷомиаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон солона ҳудуди 200 миллион долларро ташкил медиҳад, 25 дар сади ин кӯмак, яъне 50 миллион доллар аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид ироа мешавад:

"Ёрии молие, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳар сол ба Тоҷикистон мерасонад, нисбат ба дигар кишварҳо бештар аст. Ҳаҷми кӯмак ба ҳар сари аҳолӣ 30 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар хориҷи кишвар он 10 доллар аст. Яъне мешавад гуфт, даҳ дар сади иқтисоди Тоҷикистон аз ин ҳисоб таъмин мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст, яъне сол то сол ҳамкории ҳукумат бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш меёбад, ки ин қобили дастгирист. Ин аст, ки дар соли гузашта мо аз кишварҳои сармоягузор 87 дарсади маблағи дархосташударо гирифтем, яъне ба Тоҷикистон 57 миллион доллари амрикоӣ ёрии молӣ расонида шуд".

Дар ҳамин ҳол, Игор Боск-муовини роҳбари намондагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфт, маблағи дархостшуда барои таъмини иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла маъориф, тандурустӣ, коҳиши мизони маргу мири модару кӯдак ва пешгирии ҳолатҳои изтирорӣ масраф хоҳанд шуд. Ба гуфтаи оқои Боск, феълан ин масъалаҳо бояд дар қадами аввал баррасӣ шаванд. Игор Боск, инчунин гуфт, қарор аст, бахши аъзами маблағи дархосташуда барои танзим ва таҳкими марзҳои Тоҷикистон ба масраф расад:

"Мақсади асосӣ ин аст, ки танзими сарҳад беҳтар шавад. Марзбонон ҳам дастгирӣ ёбанд, то назораташон қаввӣ шавад ва ба мусофироне, ки аз сарҳад мегузаранд, малол нарасад, агар мақсади пок дошта бошанд. Ва вобаста ба ин ҳадаф албатта, масъалаи мубориза бо гардиши нашъа ва пешгирии тиҷорати ғайриқонунии байни ду сарҳад ва ҷилавгирӣ аз ин гуна мушкилот ба роҳ монда шавад".

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар соли 1993 таъсис ёфт ва ҳоли ҳозир 15 дафтари ин созмон дар минтақаҳои гуногуни кишвар фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ дар бахшҳои мухталифи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҳудуди 600 нафар кор мекунанд ва аксари кулли онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG