Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи ҷадиди Оғохон дар Тоҷикистон


Мунир Миралӣ- намояндаи ҷадиди Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон қабл аз шуруъи фаъолияти худ дар ин кишвар панҷшанбе, 16 феврал бо Эмомалӣ Раҳмонов- Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугу кард. Шафиқ Саҷидина-намояндаи Барномаи Рушди Бунёди Оғохон, ки дар ин мулоқот Мунир Миралиро ҳамроҳӣ ва муаррифӣ менамуд, гуфт, Мунир Миралӣ дар мақоми намояндаи Бунёди Оғохон Ҳаким Фериста намояндаи пешини ин бунёд дар Тоҷикистонро иваз менамояд. Шафиқ Саҷидина гуфт, дар мулоқот бо Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти 11 солаи Ҳаким Фериста ба ҳайси намояндаи пешини ин бунёд дар Тоҷикистон муассир арзёбӣ шуд ва тарафҳо ибрози умедворӣ карданд, ки бо шуруъи фаъолияти намояндаи ҷадиди Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон фаъолияти он дар ин кишвар густариши бештар меёбад. Шафиқ Саҷидина роҷеъ ба мавзуъи мулоқоти Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи нави Бунёди Оғохон дар ин кишвар афзуд:

« Мо дар ин мулоқот дар мавриди барномаҳои гуногунҷабҳае, ки имруз тавассути Бунёди Оғохон дар бахшҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла бахшҳои хусусӣ, беҳдоштӣ ва омузишӣ пеш бурда мешаванд, табодули афкор намудем. Ҳамчунин мо пиромуни тақвияти иқтидори неругоҳи барқи Помир-1 ва эҳдоси неругоҳи Помир -2 ва имкони бунёди як пули дигар бар фарози рудхонаи Панҷ ва дигар масоили иқтисодии мавриди назар ибрози назар кардем.»

Ҷаноби Саҷидина ҳамчунин гуфт, мавзуъи бунёди як меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Душанбе тавассути Бунёди Оғохон низ дар мулоқот матраҳ шудааст:

« Тарҳи бунёди ин меҳмонхона мушахасан баъд аз як ҳафта дар суҳбати алоҳида бо Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бо ин ҳадаф як гуруҳи коршиносони мо, ки масъули ин тарҳанд, рузҳои наздик ба Душанбе меояд.Чи гунагии тарҳ ва давраҳои сохтмони он дар рафти мулоқоти тарафайн мувофиқа мегардад. Мутмаинем, ки шуруъи сохтмони ин меҳмонхона боиси афзоиши сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон мешавад».

Бунёди Оғохон беш аз 10 сол аст,ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ин давра тавассути он дар бахшҳои энержӣ, мухобирот, ҷаҳонгардӣ ва маорифу беҳдошт барномаҳои мухталиф иҷро шудаанд, ки арзиши умумии онҳо беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG