Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои низомии Русия ва Қирғизистон


Рузи панҷшанбе Влодимир Михайлов-фармондеҳи нируҳои ҳавоии Русия дар Бишкек бо раиси ҷумҳур ва вазири дифоъи Қирғизистон масъалаи истифодаи пойгоҳи ҳавоии Кантро баррасӣ карданд. Оқои Михайлов мегуяд, Русия барои пойгоҳи мазкур ба таври қобили мулоҳиза сармоягузорӣ мекунад. Вай ба ҷониби Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки Кант ба пойгоҳи доимии низомии Русия табдил шавад. Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, Русия метавонад аз ин пойгоҳ ба таври ройгон истифода кунад, зеро истифодаи он дар чаҳорчубаи ҳамкориҳои низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ сурат мегирад. Акнун Қирғизистон барои ҳамлу нақли коло метавонад аз фурудгоҳи Кант истифода кунад. Гузашта аз ин коршиносони низомии қирғиз метавонанд дар он ҷо омузиш бинанд. Қирғизистон ягона кишваре дар ҷаҳон аст, ки дар қаламраваш ҳамзамон пойгоҳҳои низомии Амрико ва Русияро ҷой додааст. Мулоқоти фармондеҳи нируҳои ҳавоии Русия бо мақомоти Қирғизистон дар ҳоле анҷом гирифт, ки як рузи пеш Қирқизистон ба Вошингтон пешниҳод кард, то барои истифодаи пойгоҳи низомии Ганчӣ Амрико сад баробар бештар аз нархи кунунӣ ҳақи иҷора пардохт кунад. Ҳоло пойгоҳи Кант дар ихтиёри Русия ва пойгоҳи Ганчӣ дар ихтиёри нируҳои ҳавоии Амрикост.
XS
SM
MD
LG