Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти саввуми CSKA-и Душанбе


Дастаи футболи CSKA-и Душанбе дар охирин дидори худ дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон аз тими «Трактор»-и Тошканд бо натиҷаи 0 ба 3 мағлуб шуд.

Ин мусобиқот дар варзишгоҳи «Копетдоғ»-и шаҳри Ишқобод ҷараён дорад. CSKA -- тими футболи Вазорати дифои Тоҷикистон, ки дар ду бозии пешин низ аз дастаҳои мизбон -- «Небитчӣ»-и Балканобод ва МТТУ - и Ишқобод бо натиҷаи якхелаи 0 бар 2 шикаст хӯрдааст, дар гурӯҳи «А» бидуни имтиёз мақоми охирин - чаҳорумро ишғол кард.

Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «А» МТТУ бар «Небитчӣ» бо натиҷаи 1 бар 0 ғолиб омад ва бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кард. Тими Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия барои ширкат дар бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Тимҳои «Небитчӣ» ва «Трактор» чаҳоримтиёзӣ ба даст оварданд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо футболбозони Тошканд дар мақоми дувум ва бозигарони Балканобод дар мақоми севум қарор гирифтанд. «Трактор» ҳуқуқ пайдо кард, барои дарёфти ҷоизаи севум бо дастае, ки дар гурӯҳи «Б» мақоми дувумро соҳиб мешавад, рақобат кунад.

Воқиан, дар гурӯҳи «Б» баъди ҷамъбасти ду даври мусобиқот «Дачия»-и Кишинёви Молдова бо шаш имтиёз дар мақоми аввал, «Ворскла»-и Полтаваи Украина бо чаҳор имтиёз дар мақоми дувум ва «Персполис-Хуросон»-и Машҳади Эрон бо як имтиёз дар мақоми севум қарор доранд. Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Туркманистон рӯзи якшанбеи 19-уми феврал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG