Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Райс тасмими Эронро "беэҳтиромӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ" номид


лл

Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, гуфт, Эрон бо тасмими аз сар гирифтани ғанисозии уран ошкоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ беэҳтиромӣ нишон медиҳад. Вай дар гузориши худ ба кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико гуфт: "Касе намехоҳад ҳаққи мардуми Эронро ба фанновариҳои ҳаставии сулҳомез рад кунад. Ба Эрон барои ин чандин гузинаи гуногун пешниҳод шуд, вале онҳо роҳи инзиворо дар пеш гирифтанд."
Райс ҳушдор дод, ки кишвараш дар баробари Эрон, зимни бӯҳрони пиромуни барномаи ҳаставии ин кишвар ҳама гуна вокунишҳои муҷозотиро баррасӣ менамояд. Райс изофа кард, ки вазорати ӯ мехоҳад, барои рушди демократия дар Эрон аз Конгресси Амрико барои соли равон 75 миллион доллари иловагӣ дархост кунад. Ин маблағ ба гуфтаи хонуми Райс барои густариши пахши барнома ва намоишҳои радио ва телевизион барои Эрон сарф хоҳад шуд.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG