Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Канада, бо ёди Душанбе...


Достони як муҳоҷир Чанде пеш аз Канада нома гирифтем ва Басири Корвон дар он навишта буд, ки аз ёфтани барномаҳои Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва ин сомонаи интернетӣ ҳамчун риштаи пайванде бо Тоҷикистон бисёр хушҳол шудааст. Басир лутф кардаву шумораи телефони худро низ навишта буд ва ин ба мо имкон дод, ки ба ӯ занг занем.

Басир худ аз Афғонистон будааст ва ҳоло дар Канада зиндагӣ мекунад. Пурсидем, ки ба фарқ аз Афғонистон ва Эрон сомонаи интернетии мо ба хатти русӣ нашр мешавад, оё ӯ метавонад ин хатро бихонад. Гуфт, бале, метавонад, зеро даҳ сол дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе зистааст ва ин хатро медонад. Басир дар бораи зиндагияш дар Душанбе бо меҳру ихлос ва сипоси беҳад сӯҳбат мекард ва мегуфт, ҳарчанд муҳоҷирон кишварҳои ғарбиро барои вазъи хуби иҷтимоӣ мақбул медонанд, вай ҳоло худро дар Канада муҳоҷир мешуморад, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон эҳсоси бегонагӣ ва муҳоҷират намекард. Ба фикри вай, дар ин маврид на танҳо забону фарҳанги ҳамсон сабаб шудааст, балки муносибати мардуми Тоҷикистон низ мояи аслист, зеро ӯро бегона намешумурданд. Басир дар паҳлуи номи тоҷикон вожаи "шариф"-ро мегузорад ва "Мардуми шарифи Тоҷикистон" мегӯяд. Вай ҳамроҳи хонаводааш ба Канада кӯчидааст, аммо бо ёди Тоҷикистон ба сар мебарад ва падараш, ки дар маҳаллаи 46-и шаҳри Душанбе коргоҳи тармими автомобилҳои хориҷииро боз карда буд, ҳоло дубора ба Душанбе баргаштааст.
Басир мухлиси овозхони тоҷик Сироҷиддини Фозил мебошад ва аз хабари нашри албоми нави Сироҷиддин изҳори шодмонӣ карда, мехоҳад дар яке аз барномаҳои ояндаи мо таронаҳои нави ӯро бишнавад.
XS
SM
MD
LG