Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фариштаи хонаи мо" омодаи парвоз аст


Ҳамин тавр, Умедҷон қаҳрамони навраси филм бо фикри он, ки маҳз ин гуноҳи ӯ сабаби марги модараш гаштааст, дигар нисбати тамоми ҷонварону паррандагон меҳрубон мегардад ва то анҷоми филм кӯшиши дубора пайдо кардани модарашро мекунад. Ва бо ин мақсад ҳатто ба номи Худо як номае менависад.

(Пораи садо аз филм) «Худоҷон ба ман модарамро гардонда диҳед, номи ман Умедҷон. Аз кӯчаи Чилгази -7»

Дар қисмати дигари филм Умедҷон дар хонаашон чанд муддат кабӯтареро мушоҳида мекунад ва баъди гузашти солҳо мегӯяд, акнун дарк кардааст, ки ҳамон кабӯтар фаришта буд, рӯҳи модараш буд, ки ба аёдаташ омада. Исми филм «Фариштаи хонаи мо» низ аз ҳамин ҷост.

(Пораи садо аз филм) «Вай шаб ҳамон паррандаи сафед аз оғил парида рафт. Ҳамун парранда чашмони модарама дошт. Вай парранда фаришта буд. Фариштаи рӯҳи модарам.»

«Фариштаи хонаи мо» нахустин филми ҳунарии Бахтиёр Қаҳҳоров аст, ки аслан то имрӯз ба офаридани филмҳои тасвирӣ машғул буд. Ӯ баъди ҳамкорӣ ва ширкат дар чанд филми Мӯҳсин Махмалбоф, коргардони эронӣ ба таҳияи филми ҳунарӣ мепардозад. Бахтиёр Қаҳҳоров филми нахустини худро аз ёддоштҳои даврони ҷавонии падараш ва бо мақсади ҷо кардани муҳаббат ба табиат дар дили наврасон таҳия кардааст. Ӯ мегӯяд:

«Ғояи асосии ман дар ин филм ин аст, ки набояд ягон махлуқ кушта шавад. Дар ин филм гунҷишк кушта мешавад ва писар сабаби марги модарашро дар ҳамин мебинад. Яъне ки дар зиндагӣ ҳама чиз нисбият ва вобастагӣ дорад. Мо бояд дар ҳар кирдори худ эҳтиёткор бошем.»

Сари ин филм қариб тамоми аҳли оилаи Бахтиёр Қаҳҳоров кор кардааст. Нақши аслӣ, яъне Умедҷонро писари 10- солаи ӯ, Амирҷон Қаҳҳоров офаридааст. Оғои Бахтиёр мегӯяд, бо аҳли оилааш барояш кор кардан нисбатан осонтар аст.

«Ман онҳоро ҳамкасб меҳисобам, ҳарчанд онҳо касбҳои дигар дошта бошанд ҳам, аммо маро дарк мекунанд. Онҳо маро хуб мефаҳманд ва кӯшиш мекунанд ҳаматарафа кӯмак расонанд»

Аз Амирҷон Қаҳҳоров, қаҳрамони филми «Фариштаи хонаи мо» мепурсам, ки барояш кадом лаҳзаи филм хотирмон буд ва ҳангоми иҷрои нақши Умедҷон ба кадом мушкилиҳо мувоҷеҳ шуд?

«Гиря кардан мушкил буд, аввал натавонистам баъд дадам заданд ва гиря кардам (механдад). Баъд лаҳзаи бозии Чӯзмазанак, ки дар филм бо ҷӯраҳоям бозӣ мекардам ва ғолиб омадам ба ман бисёр маъқул шуд.»

Манзура Қаҳҳорова ҳамсари Бахтиёр Қаҳҳоров, ки дар офаридани ин филм ба шавҳари худ кӯмак расонидааст, мегӯяд:

«Мушкилиҳо буданд, лекин якдигарро дастгирӣ карда ҳамроҳи фарзандонам ба шавҳарам дар омода намудани ин филм кӯмак кардем ва ҳамин филмро таҳия кардем. Филм ба наврасону ҷавонон таъкид мекунад, ки ба табиати гирду атроф зарар нарасонанд ва эҳтиёт кунанд. Ин филм аҳамияти калон дорад.»

Бахтиёр Қаҳҳоров коргардони филми «Фариштаи хонаи мо» мегӯяд, нақша дорад, рӯзҳои наздик онро дар хонаи синамои пойтахт ба намоиш гузошта шавад.
XS
SM
MD
LG